Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон амнтар шудааст, агарчӣ таҳдидҳо боқист


Ба гуфтаи муовини мудири Пажӯҳишгоҳи сулҳ ва иқтисод нишондодҳои амниятии Тоҷикистон андаке беҳтар шудаанд.

Бино ба арзёбии як муассисаи байналмилалӣ, Тоҷикистон дар соли 2011-ум амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ буда ва аз назари амну субот аз тамоми кишварҳои ин минтақа ва Қафқоз пеш гузаштааст.

Пажӯҳишгоҳи сулҳ ва иқтисод дар Амрико шохиси кишварҳои амн дар ҷаҳонро нашр кардааст, ки Тоҷикистон дар он шохис аз миёни 158 кишвар дар мақоми 99-ум қарор дорад.

Аз ин гузориш чунин бармеояд, ки Тоҷикистон назар ба соли 2010-ум дар соли 2011-ум амнтар шудааст, зеро аз мақоми 103 дар соли 2010-ум чаҳор зина боло рафтааст. Сатҳи амният дар кишварҳоро бар асоси 23 меъёр, аз ҷумла вуҷуди муноқиша, воридоти силоҳ, теъдоди зиндониён, беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон, ҷиноятҳои сангин ва муносибат бо ҳамсоякишварҳо арзёбӣ мекунанд.

Даниел Ҳайслоп, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи сулҳ ва иқтисод ба Радиои Озодӣ гуфт, аз он хотир Тоҷикистон чаҳор зина боло бурда шуд, ки нишондодҳои амнияташ андаке беҳтар шудаанд: “Нишондодҳои Тоҷикистон аз он ҳисоб беҳтар шуд, ки дар инҷо мавридҳои қатл сари ҳар 100 ҳазор нафар кам шуд, амалҳои террористӣ ҳам камтар шуд ва ҳукумат дар маъмурияти посдории сулҳи Созмони Милал саҳм гузошт.”

Аммо на ҳама нишондодҳову заминаҳои амният дар Тоҷикистон беҳтар шудаанд ва ба гуфтаи Даниел Ҳайслоп таҳдидҳо барои сулҳу субот дар кишвар мавҷуд аст: “Айни замон нишондодҳои Тоҷикистон аз назари хатари муноқишаҳои созмонёфта, мизони зиёди ҷиноятҳои сангин, бесуботии сиёсӣ ва муносибат бо ҳамсояҳо бад аст."

Таври маълум, дар Тоҷикистон зуҳури гурӯҳҳои тундрав ва убури ин гуна гурӯҳҳо аз Афғонистонро сарфи назар намекунанд ва муносибати Тоҷикистон бо Узбакистон ба ҳадде сарду печида аст, ки тайи 15 соли охир мушоҳида нашуда буд.

Аммо арзёбии Пажӯҳишгоҳи сулҳ ва иқтисод аз заминаҳои амният дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст? Қазоқистон дар ин шохис дар мақоми 105, Узбакистон дар мақоми 110, Туркманистон дар мақоми 117, Қирғизистон дар зинаи 131 қарор доранд.

Аммо Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон яке аз ноамнтарин кишварҳои ҷаҳон хонда шудааст ва дар мақоми 157 қарор дорад. Се кишвари амнтарин дар ҷаҳон Исландия, Дания ва Зеландияи нав будаанд, ки боифтихор дар се зинаи аввали ҷадвали амнтарин кишварҳои ҷаҳон нишастаанд.
XS
SM
MD
LG