Пайвандҳои дастрасӣ

Аз сӯиқасди 30-юми апрели соли 1997, 15 сол гузашт ва дар арафаи солрӯзи он мавзӯъ дубора баҳс меангезад.

Понздаҳумин солрӯзи сӯиқасд сабаби нашри матолибе дар расонаҳои ахбори ом шудааст, аммо онҳо дар бораи омилони ин ҳодиса, иллат ва сабабҳои рух додани он кадом ҷузъиёти тозаеро матраҳ накардаанд.

Вале ҳафтаномаи «СССР» бо нашри силсилаи мақолаҳо аз қавли, аз ҷумла шоҳидони айнӣ нақши наҷотдиҳандаи то ба имрӯз асосии ҷони президент Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилӣ, ки ба ҳангоми вуқӯи ҳодиса раёсати Кумитаи гумруки Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, таҳти шубҳа гузошта таъйид мекарданд, ки он нафар на Ёқуб, балки Мурод Сайидов аз муҳофизони худи президент аст. Ин навиштаҳо Ёқубро водор карданд, ки аз зиндон вокуниш нишон диҳад ва боз ҳам таъкид кунад, ки маҳз ӯ буд, ки бадани худро сипар ва ҷавшани ҷони Эмомалӣ Раҳмон кардааст.

Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохилии Тоҷикистон

Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохилии Тоҷикистон

Ончи ки Ёқуб навишту дар «Азия-Плюс» чоп кард, сонитар дар борааш хоҳем гуфт, вале ҳоло боз ҳам савол ин аст, ки ҳадаф аз анҷоми ин амалиёти сӯиқасд чӣ буд ва оё он танҳо кори дасти нерӯҳои дохилӣ буд ва ё аз хориҷа ҳам ширкат доштанд.

Сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 1997 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, замоне иттифоқ афтод, ки тарафҳои даргири ҷанги дохилӣ дар кишвар дар арафаи имзои Созишномаи умумии сулҳ ва қатъи комили ин ҷанг қарор доштанд. Тӯли панҷ соли музокироти ҷонибҳо ҳама пойтахтҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба истиснои Тошканд як ва гоҳо ду навбат мизбонии ин гуфтушунидҳоро бар ӯҳда гирифтанд.

Ба ин далел ва ҳамчунин бо таваҷҷӯҳ ба онки Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазир собиқ, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1994 дар баробари Эмомалӣ Раҳмон шикаст хӯрда ва мавриди ҳимояти Узбакистон қарор дошт, ангушти иттиҳоми ҳукумат дар ин сӯиқасд ба рӯи ӯ гузошта шуд. Афзун бар ин, маҳз ҷониби ҳукумат буд, ки нахост сарвазири собиқ ба унвони гурӯҳи сеюм дар раванди музокироти ҷонибҳои даргир ширкат варзад.

Талбак Назаров, вазири вақти корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки ҳоло бознишаста мебошад, мегӯяд, ҳадафи ин сӯиқасд қабл аз ҳама ба даст даровардани ҳокимият аз ҷониби гурӯҳи сеюм буд. Ҷаноби Назаров, ки аз ҳеҷ гурӯҳ ва кишвари хориҷии мушаххасе ном набурд, вале ишораҳое мекард, ки ин гурӯҳ онҳое буданд, ки аз қудрат берун шуда буданд: «Он вақтҳо ба ҷуз аз мухолифин, ки ҳамроҳашон гуфтушунид идома дошт, боз бисёр мушкилиҳои дигар ҳам буд. Ман фикр мекунам, ки мухолифин ба ин кор сарукор надошт. Он гурӯҳро, гурӯҳи сеюм мегӯянд, ки барои расидан ба ҳадафи худ онҳо ҷинояткорҳоро истифода карданд. Якчанд гурӯҳҳо буданд дар ҳамон регион, ки бар ин кор манфиат доштанд. Онҳо мақсад доштанд, ки сари қудрат оянд.»

Талбак Назаров, вазири пешини умури хориҷии Тоҷикистон

Талбак Назаров, вазири пешини умури хориҷии Тоҷикистон

Аммо бо онки ҳодисаи сӯиқасд дар Хуҷанд дар пайи саркӯбии шадиди исёни балвогарони яке аз зиндонҳои ин шаҳр, ошӯбҳои зидди ҳукумати марказӣ дар шаҳри Истаравшан ва баъзе дигар аз навоҳии қисмати шимолии рух дод, бархе аз коршиносон ин фарзияро ҳам истисно намекарданд, ки он як навъ амали омехта ба эътироз буд.

Неъматуллои Мирсаид, коршиноси мустақили тоҷик мегӯяд, пахши мусаллҳонаи исёни маҳбусони Хуҷанд, ки чандин кушта бар ҷой гузошт, хашму ғазаби наздикони онҳоро ба бор овард: «Мо ин эҳтимолиятро вақте ҳамеша фарзияҳоро пешниҳод намудем, рад накардаем. Яъне ин эътирози хешу ақрабои он шахсҳое дар зиндон буд, ки аз дасти намояндагони сохторҳои қудратӣ азият мекашидаанд Агар гӯем, ки як шахси ҳабсшуда бист, сӣ нафар авлод дошта бошад, ин 150, 200 нафар маҳбус 3 то 4 ҳазор одаме дошт, ки табъи зиддиҳукуматӣ доштанд.»

Аз сӯи дигар ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони президент Раҳмон дар вазъияте ба вуқӯъ пайваста буд, ки амалан баъзе манотиқи кишвар, аз ҷумла шарқ ва вилояти Бадахшони кӯҳӣ дар итоати ҳукумати марказӣ қарор надоштанд ва афзун бар ин, дастаҳои ҷангии мухолифин дар навоҳии наздики пойтахт низ ҳузур пайдо карда буданд. Масъалаи тақсими дарсадии курсиҳои ҳукумат ҳамоно миёни мухолифин ва ҳукумати президент Раҳмон ҳалношуда боқӣ монда буд.

Вале Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, мухолифин ин амалро ҳамон замон кори дасти душманони сулҳу оштии тоҷикон хонда буданд ва ҳоло низ бар ҳамин Муҳаммадалии Ҳайит, аз раҳбарони ҲНИТ

Муҳаммадалии Ҳайит, аз раҳбарони ҲНИТ

назаранд: «Ҳадаф аз сӯиқасд ба ҷони раиси ҷумҳур дар вилояти Суғд аслан аз байн бурдани сулҳу созиш дар Тоҷикистон буд. Вале душманони миллат муваффақ нашуданд.»

Бо ин ҳол мақомоти Тоҷикистон чанд нафар, аз ҷумла бародари Абдумалик Абдуллоҷоновро ба иттиҳоми ташкил ва иҷрои ин сӯиқасд муҷрим шинохта равонаи зиндон карданд. Дертар дар шумори муҷримини ин сӯиқасд Абдуҷалил Ҳомидов, раиси пешини вилояти Суғд ва Исматулло Ҳабибуллоев, мулаққаб ба Исмати овулӣ низ ба давраҳои мухталиф аз озодӣ маҳрум шуданд. Дар расонаҳо ва маҳфилҳо Абдумалик Абдуллоҷонов, ташкилкунандаи ин сӯиқасди ноком муаррифӣ шуд.

Аммо Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохила, ки дар мусоҳиба бо нашрияи «Азия плюс» ҳодисаи мазкурро бо ҷузъиёташ ташреҳ кардааст, бори дигар бо сароҳат баён доштааст, ки нафаре, ки раиси ҷумҳурро аз ин ҳодиса наҷот дод, ӯ буд. Вай гуфтааст, ки худи президент аз ӯ дар он вақт хоста буд, ки аз паҳлуяш дур наравад. Ёқуб Салимов гуфтааст, ки ӯ кадом қаҳрамоние накардааст, бакли кореро, ки ҳар як ҷавонмард мебоист анҷом бидиҳад, анҷом додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG