Пайвандҳои дастрасӣ

Дар назарсанҷие, ки миёни муҳоҷирон ва дар 3 шаҳри Русия анҷом шудааст, аксари онҳо вазъи худро мусбат шумурдаанд.

Як мояи аслии нигаронии муҳоҷирон норӯшании вазъи ҳуқуқии онҳо дар Русия боқӣ мемонад, вале таҳлилгарон мегӯянд, ин тоифа ҳоло ҳаққи худро хубтар мешиносад ва дигар он тӯдаи беҳуқуқ ва тӯъмаи осони пулису скинҳедҳо нест.

Як тӯдаи аксаран камсавод ва қодир ба фақат кори сиёҳ, ки забони русиро ҳам дуруст намедонад ва дар як шароити сахту таҳти таҳдиди доими таъқиби пулис ва ҳамлаи қавмгароён - чунин аст як бардошти аслие, ки дар зеҳнҳо дар бораи муҳоҷирони корӣ дар Русия талқин шудааст. Аммо натиҷаҳои назарсанҷии маркази “Опинио” ва Сандуқи “Добрососедство” дар шаҳрҳои Краснодару Екатеринбург ва Нижний Новгород тасвири дигареро аз муҳоҷирони корӣ дар Русия ба намоиш медарорад.

Ин пурсиш ҳокист, ки аксарияти кулли муҳоҷирони корӣ бо шароити будубош дар Русия хӯ гирифта, худро дар ин ҷомеа чандон бегона эҳсос намекунад. Танҳо 13 дарсади ин мардум гуфтаанд, ки дар роҳи мутобиқшавӣ (адаптация) ба ҷомеаи Русия ҳанӯз мушкил доранд. Александр Гаспаришвилӣ, раҳбари илмии “Опинио” мегӯяд, “бовари кас намеояд, албатта, вале онҳо худро ба ҷомеа мутобиқшуда мешуморанд. Забони русиеро, ки сӯҳбат мекунанд, онҳо барои худ кофӣ медонанд. Ҳадди ақал, ончиро ки ба онҳо ба ин забон мегӯянд, мефаҳманд ва сӯҳбати онҳо низ барои дигарон фаҳмост. Як тоифаи қобили таваҷҷӯҳ муҳоҷирони ҷавонанд, ки бачаҳои бақувватеанд, ки аксараш на машруб менӯшаду на сигор мекашад. Духтарони шаҳрии рус ба инҳо алоқа нишон медиҳанд ва аксарашон дӯстдухтар ҳам доранд дар инҷо, ки ин ҳам як омили мутобиқшавист.”

Шумори фақат муҳоҷирони тоҷик дар Русияро беш аз 1 миллион нафар баровард мекунанд. Валиҷон Орзуев, ки дар як рустои вилояти Твер чорводориву деҳқонӣ мекунад, мегӯяд, 15 хонаводаи тоҷики муқими ин русто бо одобу рафтори ҳамида тавонистаанд ба дили боқӣ аҳли русто роҳ ёфта, барои онҳо одами “худӣ” шаванд: “Ҳоло дар Маскавам. Занам нав занг зад, ки Серёга (ҳамсояи Валиҷон - РО) картошкаро корид. Аз ҳисоби худашу аз картошкаи худаш. Ҳоло онки ин Серёга пеш бо мо ҳатто салом намекард. Мо худамонро нишон додем. Дар мурдаву зиндаашон рафтем, масташро бардоштем, то хонааш бурдем, нон гуфт, нонашон додем, ёрдамашон ки кардем, бо ман, алҳамдулиллоҳ, сад фоизанд. Бо ман, бо акаи Исмат, бо Маҳмуд, бо Сафаралӣ сад фоизанд. Агар гӯем, ки мекӯчем, Тоҷикистон меравем, зиқ мешаванд, ки наравед. Ба Худо, калидҳои хонаашро ба мо монда меравад, ки ман 10 рӯз намешавам.”

Бино ба натоиҷи таҳқиқоти ахир, муҳоҷирон бо ин вуҷуд аз вазъи норӯшани ҳуқуқии худ дар Русия эҳсоси нигаронӣ доранд. Александр Гаспаришвилӣ аз маркази сотсиологии “Опинио” мегӯяд, кору иқомати ғайриқонунӣ ва нимақонунӣ ин тоифаро тӯъмаи осони таъқибу таҳдиди қишри фосиди мақомот мекунад. Ҷойи дигари ташвиши муҳоҷирон, ба гуфтаи ӯ, мизони ҳамчунон ташвишовари бегонабадбинист: “Дар байни муҳоҷирон ҳастанд онҳое, ки ба хушунат рӯбарӯ шудаанд. Дар Маскав чанд ноҳияи барояшон хатарнокро ном бурданд ва ҳам дар Нижний Новгород. Аммо ин мавридҳои алоҳида буда, ба назари муҳоҷирон, сокинони маҳаллӣ нисбат ба онҳо муносибати ба сурати умум нигоҳи хайрхоҳона доранд.”

Муҳаммади Эгамзод

Муҳаммади Эгамзод

Валиҷон Орзуев, ҳамсӯҳбати мо аз Твер ҳам мегӯяд, ба дӯши тамоми мардуми кишвари мизбон бор кардани аъмоли бади чанд нафари алоҳида кори дуруст нест: “Чанд сол пеш скинҳедҳо маро ҳам зада буданд дар вокзали Беларусскийи Маскав. Эҳсоси бегонабадбинӣ доранд онҳо, вале тамоми халқро гунаҳкор карда намешавад. Чунки аксарияташ одамони хубанд.”

Ба ақидаи Муҳаммади Эгамзод, раҳбари маркази иттилоотии “Тоҷ-Инфо” дар Маскав, ки чандин сол боз мавзӯи муҳоҷиратро таҳқиқ мекунад, давроне, ки муҳоҷир луқмаи хоме барои пулиси рус ва тӯъмаи осоне барои гурӯҳҳои қавмгаро буд, батадриҷ пушти сар мешавад: “Хеле зиёд шудаанд бачаҳое, ки бар ин солҳо, ба таъбири тоҷикӣ, худашонро гирифтанд. Ба ҳар ҳол, ба ҷомеа шомил шудани муҳоҷирон, ки мо дар Амрикову Аврупо медидем, шояд марҳалаи аввалаш алакай дар Русия ба назар мерасад. Ин мардум ба ҷуз аз таҳаммули муҳоҷирон илоҷи дигар ҳам надоранд, чунки онҳо ҳастанд ва аз ин ягон ҷои гурез нест. Русия ва мардумаш дигар медонанд, ки эҳтиёҷ доранд ба ҳамин муҳоҷирони корӣ.”

Тағйири нигоҳ ба муҳоҷирон дар Русия аз ин пурсиши назари сокинони Иркутск низ мушоҳида мешавад, ки аксаран хайрхоҳона менамояд:
“-Онҳо ягон шароити зиндагӣ надоранд. Дар як хона ҳам хоб мераванд, ҳам ғизо тайёр мекунанд, ҳам мехӯранд. Шояд санади тиббӣ ҳам надоранд ва маълум нест, ки чӣ маризиҳое доранд.
-Ин мардум дар як шароити бад, ҳатто дар таҳхонаҳо ба сар мебаранд, вале ҳар субҳ мебинем, ки кӯчаҳои моро онҳо мерӯбанд. Хеле заҳмат мекашанд онҳо.
- Бад аст зиндагии онҳо, албатта.
-Дар инҷо рӯзи одами оддӣ базӯр мегузард. Ҳоло онки инҳо ҳуқуқе надоранд ва боз пулису мақомоти дигар фишорашон меоранд. Аниқ аст, ки ҳаёти ширине нест ҳаёти онҳо.”


Бо ин ҳол, бар асоси назарсанҷии “Опинио” ва “Добрососедство”, танҳо 14 дарсад, ё ҳар нафари ҳафтум аз муҳоҷироне, ки дар Русия кор мекунанд, фикри иқомати доимӣ дар ин кишварро дошта, бақия гуфтаанд, ки бо беҳтар шудани шароит ба ватан бар хоҳанд гашт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG