Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти тоҷик мегӯянд, моҳи гузашта 28 шаҳрванди хориҷиро бинобар риоят накардани муқаррароти иқомат аз кишвар рондаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, ки тайи ду ҳафтаи ахир кормандони Вазорати умури дохила дар ҳамоҳангӣ бо ходимони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти давлатиии муҳоҷират барои маълум кардани шароити иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон, як амалиёти густардаро пиёда карданд.

Зимни ин амалиёт, ки дар марказҳои савдо, нуқтаҳои таъмири мошинҳо ва бозорҳои пойтахт анҷом шудааст, даҳҳо мавриди нақзи муқаррароти будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ошкор шудааст. Аз ҷумла зимни тафтиш ошкор шудааст, ки танҳо дар бозори «Корвон»-и пойтахт 53 шаҳрвандони Чин ва Афғонистон бо худ паспорт ва асноди иқомат надоштанд.

Сухангӯи вазорати умури дохила афзуд, дар ҷараёни амалиёти сеҳафтаина барои ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳамчунин 87 хориҷии дигар, бахусус шаҳрвандони Чин ва Афғонистонро барои нақзи муқаррароти иқомат ҷарима баста шуда ва аз онҳо ҳудуди 63 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки аксари шаҳрвандони хориҷие, ки санадҳои оддитарни иқомат надоранд аслан табааи Афғонистон, Чин Узбакистон ва Эрон мебошанд.

Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар кишвар бештар аз 16 200 шаҳрвандони хориҷӣ ба кору таҳслил машғуланд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG