Пайвандҳои дастрасӣ

Баъзеҳо ба умеди ҳукумат ва бархе ҳам бо умеди фарзандонашон ба сӯи бознишастагӣ (нафақа) қадам мениҳанд.

Ин навбат наворбардори "Озодӣ" аз сокинон пурсид, ки "оё дар бораи таъмини зиндагӣ дар айёми пирӣ андеша кардаанд, ё не". Барои бархе аз ҳамсӯҳбатони мо ин савол ногаҳонӣ буд ва худи онҳо низ гуфтанд, ки ҳанӯз ҷавонанд ва дар бораи бознишастагӣ фикре ҳам накардаанд.

Вале як гурӯҳи дигар мегӯянд, борҳо сари ин мавзӯъ андешидаанд, махсусан дар замоне, ки аксарият аз камии нафақапулӣ шиква доранд. Яке аз назардиҳандагон гуфт, агар наздикону дӯстонаш ба ӯ кумак намекарданд, ба ақвли худаш дар ин синну соли бознишастагӣ "гадо" мешуд. Ӯ афзуд, "бо он пули нафақае, ки кишвари ҷоноҷони мо медиҳад, зиндагиро пеш бурда намешавад."

Нафари дигар ҳам илова кард, "пули нафақа аз куҷо барои зиндагӣ мерасад? Нафақаи ҳозира ҳатто барои харидани як халта орд кофӣ нест. Ҳоло бачаҳо кор мекунанд ва зиндагиро мечархонанд."

Ин аст, ки иддае аз ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, дар айёми бознишастагӣ ҳатман умедашон фарзандонашон аст, ки бо ҳазор умеду талош онҳоро бузург мекунанд. Яке аз онҳо гуфт, тоҷикон одати хубе доранд, ки аввал падару модар фарзандонро калон карда, соҳиби ҷою манзил мекунанд ва дар иваз фарзандон ба волидони пири худ дасти кумак дароз менамоянд.

Аммо сафи онҳое низ кам нест, ки умед ба нафақаи давлат доранд. Ин афрод мегӯянд, ҳоло кор мекунанд ва аз ҳисоби маоши худ андози давлатро месупоранд ва дар айёми бознишастагӣ ҳатман нафақапулии шоиста дарёфт хоҳанд кард.



Ин дар ҳолест, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон моҳи феврали соли ҷорӣ ба Қонуни шароити бознишастагӣ ислоҳот ворид кард. Бар асоси ин ислоҳот акнун минбаъд ҳаҷми маоши бознишастагии афроди маълул ва бидуни саробон, вобаста ба ҳадди ақалли маоши муқарраршуда дар кишвар таъйин хоҳад шуд. Ҳадди ақали маош дар Тоҷикистон феълан камтар аз сад сомонӣ муқаррар шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун нафақаи маъюбон аз рӯи дарсадии музди коре, ки онҳо то замони бознишастагӣ дарёфт мекарданд, таъйин мешуд.

Масъулони ислоҳоти ин тарҳ мегӯянд, барои таъмини маоши афроди бознишаста наздики як миллиард сомонӣ зарур аст, ки барои иқтисоди кишвар гаронӣ мекунад. Ба гуфтаи ин масъулон, аз 585 ҳазор нафар бознишаста, 11 ҳазору 500 нафарашон аз 400 то 1000 сомонӣ маоши бознишастагӣ дарёфт мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG