Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми Э. Раҳмон: "Ҳадаф -- давлати иҷтимоӣ, пешрафта ва сулҳҷӯ!"


Акс аз торнамои president.tj

Акс аз торнамои president.tj

Раисиҷумҳури Тоҷикистон паёми худ ба порлумонро "идона" номид ва гуфт, он «дар соли 20-солагии иҷлосиияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва 15-солагии имзои Созишномаи сулҳ сурат мегирад.»

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз иҷлосияи 16 -уми Шӯрои олии Тоҷикистон ба унвони заминасози пояҳои давлатдорӣ ва таҳаққуқи сулҳу субот дар кишвар ном бурд.

Вай гуфт, то соли 2000 Тоҷикистон дар шароити ҷангӣ қарор дошт ва танҳо пас аз соли 2000 давлат ба эҳёи иқтисоди худ шурӯъ кард.

Аммо ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, дар муддати беш аз даҳ соли ахир, сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми кишвар беҳбуд ёфта ва ҳукумат ба нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои муҳим ноил шуд. Вай гуфт, «ҳоло солона 45 000 мошини сабукрав ба Тоҷикистон ворид мешавад. Дар 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамагӣ 73 000 мошин дар Тоҷикистон вуҷуд дошт. Агар ин тамоюл идома ёбад, дар солҳои оянда ба ҳар сари оилаи тоҷик як мошин рост меояд.»

Ҳамзамон раиси ҷумҳур дар бораи сиёсати музди меҳнат ва нафақа ишора карда ва гуфт, ки муддати чанд соли ахир танҳо музди меҳнат 32 баробар афзоиш ёфтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди раиси ҷумҳур маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ, стипендияи донишҷӯён ва ҳуқуқи нафақагирон аз аввали сентябри соли ҷорӣ аз 30 то 50 дар сад афзоиш пайдо хоҳад кард.

Ба таъкиди раиси ҷумҳур ба ин хотир аз буҷаи кишвар маблағи 350 миллион сомонӣ ҷудо мешавад.

Афзун бар ин, президенти Тоҷикистон ба 15 дарсад ихтисор кардани сохтори идораву муассисаҳои давлатӣ, ки ҳамдигарро такрор мекунанд, таъкид кард ва гуфт, ба ин манзур гурӯҳи корӣ ташкил карда шудааст.

Раҳмон: «Дар бонк пасандоз кунед.»

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи паёмаш аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки пасандозҳои пулии худро дар бонкҳо гузоранд.

Вай гуфт, ки «пасандозҳои шумо дар бонкҳо тавассути давлат кафолат дода шуда ва ҳифзи онҳо таъмин мегардад.»

Акс аз торнамои president.tj

Акс аз торнамои president.tj

Раиси ҷумҳур ҳамчунин ба масъалаи коҳиши маҳдудиятҳо дар заминаи гирифтани иҷозатномаҳо барои соҳибкорону тоҷирон таъкид кард ва гуфт, ки ҳар қадар мавонеъ ва маҳдудиятҳои аз сари роҳи ин масъала гирфта шавад, ҳамон қадар мавридҳои фасодкорӣ аз байн хоҳад рафт.

Раиси ҷумҳур гуфт, ки аллакай ба ҳайати ҳукумат дастур додааст, то таҷрибаи кишварҳои дигар дар ин замина омӯхта шавад, то мушкилот ҳарчӣ камтар шавад.

Ҳамзамон президент Раҳмон, аз соҳибкорон барои иҷрои беш аз 1000 лоиҳа дар бахши иқтисод ва иҷтимоиёт сипосгузорӣ кард ва гуфт, ки тавассути соҳибкорони ватанӣ 100 корхонаи истеҳсоливу саноатӣ бунёд шудааст.

Вай дар заминаи ҷалби сармояи хориҷӣ, эҷоди шароити маблағгузорӣ ба иқтисоди кишварро муҳим донист ва гуфт, ки бояд монеаҳои бюрократиро аз байн барем то сармоягузорон тавонанд дар фазои озоду шаффоф фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Раиси ҷумҳур суръат бахшидан ба фаъолияти «Равзанаи ягона» ва соддагардонӣ дар ин бахшро барои фаъолияти соҳибкорон муассир хонд ва аз он интиқод кард, ки «мутаассифона, «Тоҷикстандарт» лабораторияи дуруст дорад, аммо мушкилоти фаровоне дар заминаи санҷиши молу коло вуҷуд дорад.»

Вай ҳамчунин гуфт, соҳибкороне, ки саҳми боарзише дар сохтани мактабу маориф ва бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ доранд, бояд аз супоридани андоз озод карда шаванд.

Ин аст, ки ба таъкиди президент лоиҳаи нави Қонун дар бораи соҳибкорӣ дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки имтиёзотеро барои фаъолияти соҳибкорӣ дар назар дорад.

Аммо раиси ҷумҳур аз фаъолияти бонкҳои саҳҳомӣ интиқод кард ва гуфт, «агар бонкҳои мо кор кунад, миллиардҳо доллар ба буҷа ворид мешавад.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди раиси ҷумҳур, тариқи бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, қариб 4 миллард доллар ба кишвар ворид шудааст.

Номгӯи андозҳо 50 дар сад кам мешавад

Раиси ҷумҳур гуфт, ки бар пояи лоиҳаи нави Кодекси андоз номгӯи андозҳо 50 дарсад кам карда мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди раиси ҷумҳур, ҳоло 21 номгӯи андоз дар Тоҷикистон мавҷуд аст, ки хеле зиёд аст.

Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки «дар зарфи се моҳи оянда лоиҳаи Кодекси нав таҳия ва ба порлумон ироа шавад ва аз вакилони порлумон даъват ба амал овард, ки дар қабули ин санади ҳуқуқӣ фаъол бошанд.»

Ҳамзамон аз соҳибкорон дархост кард, ки дар супоридани андозҳо бо дасту дили пок кор кунанд.

Сохтмони нерӯгоҳи Роғун идома меёбад

Раиси ҷумҳур ба соҳаи энержӣ ишора карда ва гуфт, ки дар солҳои истиқлол нерӯгоҳҳои хурду бузурги зиёде сохта шудааст ва сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун идома меёбад.

Вай гуфт, ки бо он ки Тоҷикистон дар чанд соли ахир 1000 мегаватт нерӯи барқро барқарор кардааст, аммо то кунун аҳолиро бо барқ таъмин карда наметавонад. Раиси ҷумҳур сабаби инро дар афзудани аҳолии кишвар арзёбӣ кард ва гуфт, ҳоло талаботи аҳолӣ ба нерӯи барқ 6 миллиард киловатт соат аст.

Раҳмон гуфт, мушкили аслӣ камбуди нерӯи барқ дар фасли зимистон аст, аммо дар фасли тобистон Тоҷикистон тавлиди барқи изофӣ дорад. Ба ин далел, вай ба иҷрои тарҳи КАСА -1000 таъкид кард ва гуфт, ин имкон медиҳад то барқи изофиро ба кишварҳои минтақа фурӯшем.

Вай гуфт, «ҳукумат дар ин самт кор карда истодааст, аммо аз сабаби он, ки мо гази моеъ надорем, мушкил ҳамчунон вуҷуд дорад."

Бо гази худӣ таъмин мешавем

Президенти Тоҷикистон гуфт, ки «дар масъалаи истеҳсоли гази худӣ бо ширкати бузургтарини дунё ва Русия «Газпром шартнома дорем ва дар кони Сариқамиш корҳо рафта истифода аз технологияи пешрафта дар чуқурии 6, 5 километр идома дорад, ки дар минтақа беназир аст."

Ба таъкиди президент, то ҳоло дар ин кон дар чуқурии 3, 600 метр пармакунӣ сурат гирифта ва умед аст, ки бо мавриди истифода дода шудан, ин кон метавонад Тоҷикистонро дар зарфи 30-40 соли оянда бо гази худӣ таъмин хоҳад кард.

Таъмини амнияти озуқаворӣ

Эмомалӣ Раҳмон, таъмини амнияти озуқавориро, аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати ҳукумат арзёбӣ кард ва гуфт, давлат ба ин бахш таваҷҷӯҳи хоса медиҳад.

Ин аст, ки ба таъкиди раиси ҷумҳур, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бояд мадди назар бошад ва соҳибкорону раҳбарони корхонаҳои саноатӣ ҷиҳати истеҳсолоти ватанӣ тадбирҳои ҷиддӣ ва самаранок андешида шавад.

Вай дар ин замина ба фурӯши об ишора кард ва гуфт, «дар кишварҳои ҷаҳон, ба хусус дар кишварҳои арабӣ нархи об хеле болост. Куҷост, соҳибкорони мо, ки аз зарфияти оби чашмаҳои Тоҷикистон истифода карда ва ин соҳаро рушд бахшанд?»

Ҳама соҳиби телефон...

Президент ба рушди технологияи коммуникатсионӣ ва иттилоотӣ таваҷҷӯҳ карда ва гуфт, ки ҳоло қариб ҳар як сокини кишвар дорои телефонҳои мобилӣ аст.

Афзун бар ин раиси ҷумҳур ба эҷоди ҳукумати электронӣ таъкид карда ва ба ҳукумат дастур дод, то ин раванд густариш ёбад.

Ҷашни байналмилалии Наврӯз

Президент Раҳмон бар ин бовар аст, ки баргузории ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Тоҷикистон ин кишварро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун, кишвари тамаддунофар муаррифӣ кард.

Фарҳанги китобхониву китобдорӣ аз дигар нукоти паёми президент зикр шуд ва раиси ҷумҳур бунёди Китобхонаи Миллиро барои боло бурдани фарҳангу маънавиёти мардум муҳим арзёбӣ кард.

Таъсиси ҷойҳои корӣ

Раиси ҷумҳур таъсиси ҷойҳои нави кориро омили беҳбуди вазъи иҷтимоии мардуми кишвар унвон кард ва ба вазоратҳои дахлдор дастур дод, то ҳар чӣ бештар ҷавононро барои касбомӯзӣ ҷалб кунанд.

Ба ин хотир вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ муваззаф шуд, ки барои 100 ҳазор ҷавони бекор ва ҳамчунин аз ҳисоби муҳоҷирон курсҳо ташкил карда шавад.

Аз сӯи дигар мавриди истифода қарор гирифтани заминҳои бекорхобида, барои ташкили ҷойҳои корӣ ва аз ин тариқ беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мардум муҳим шуморида шуд.

Ҷинояткории ҷавонон ва масъулияти волидайн

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи даст ба ҷиноят задани ҷавонону ноболиғон изҳори ташвиш кард ва гуфт, бояд иҷрои бандҳои Қонуни «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба таври ҷиддӣ назорат шавад.

Ба манзури коҳиш додани мизони ҷинояткорӣ аз сӯи ҷавонону ноболиғон, ташкили марказҳои истироҳатӣ ва биноҳои варзишӣ омили муассир дониста шуд ва ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатӣ дар ин замина ҷораҳои амалӣ андешанд.

Мубориза алайҳи маводи мухаддир ва фасод

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба афзудани муроҷиати шаҳрвандон ба идораҳои давлатӣ ишора карда ва гуфт, ки бояд ҳар як арзу доди шаҳрвандон шунида ва расидагӣ шавад. Дар ин самт ба фаъолияти шаффофи судҳо дар кишвар таъкид кард.

Мубориза алайҳи маводи мухаддир

Ба гузориши Агентии маводи мухаддир танҳо дар соли гузашта беш аз 5 тонна маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира шудааст. Ҳамчунин теъдоди нашъамандон ба беш аз 7 ҳазор нафар расидааст, ки мояи нигаронист.

Президент аз даст доштани бархе аз кормандони ниҳодҳои давлатӣ дар ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ва ҷиноятҳои коррупсионӣ нигаронӣ кард ва гуфт, соли гузашта 167 нафар кормандон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Ба ин далел раиси ҷумҳур ба сохторҳои қудратӣ амр кард, ки дар заминаи бартараф кардани ҷиноятҳои мухталиф ва дар ин замина барои боло бурдани ватандӯстиву ҳифзи марзу бум иқдом кунад. Оқои Раҳмон гуфт, «вақте, худи корманди агентӣ ва ё вазорати корҳои дохилӣ ба ҷиноят даст мезанад, ҳодисаи манфӣ аст.»

Президент ба муборизаи беамон алайҳи фасодкорӣ дар кишвар таъкид кард ва Агентии назорати молӣ ва мубориза бо фасодро муваззаф сохт, ки стратегияи мубориза бо коррупсия барои солҳои 2012 - 2020-ро таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод кунад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳадафи беҳтар кардани фаъолияти вазорати корҳои дохилӣ ва наздикии он бо ҷомеа, таъкид кард, ки бояд Қонун дар бораи политсия таҳия шавад.

Русия - шарики стратегӣ....

Дар масъалаи сиёсати хориҷӣ, бо он ки Тоҷикистон «сиёсати дарҳои боз»-ро пеш гирифтааст, аммо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба афзалият додани манофеъи миллӣ дар ин самт таъкид кард. Раиси ҷумҳур гуфт, «дар саргаҳи равобит бо кишварҳои хориҷӣ, шарики боэътимоди мо - Русия қарор дорад.»

Дар мавриди муносибот бо кишварҳои минтақа таъкид кард, ки Осиёи Марказӣ дорои имконоту зарфиятҳои васеъ аст ва барои ҳалли мушкилот муколимаи сиёсиро роҳи ҳал медонем.

Вай гуфт, мо се самт - берун шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва энержиро дар сиёсати худ меҳвар қарор додаем.

Президенти Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки ҳама нияту мақсадҳои мо ба манфиати кишварҳои минтақа ва шарикони мо ҳаст ва бар зарари ҳеҷ кишваре кор намекунем.

Эмомалӣ Рамон дар масъалаи обу энержӣ гуфт, ки ин кишвар барои ҳеҷ кишвар мушкил эҷод накардааст ва ин мақсадро надорад. Вай гуфт, захираҳое обе, ки дар Осиёи Миёна аст, барои ҳама сокинони минтақа басанда мебошад, агар сарфакорона истифода шавад.»

Ҷаноби Раҳмон гуфт, «ҳарчанд ин масоил ба таври сунъӣ тобиши сиёсӣ гирифтаанд, аммо мо омодаем онро ба таври мусолиматомез ҳаллу фасл кунем.»

Президент дар чорчӯби ҳамкориҳо бо СҲШ, равобити ҳамкорӣ бо Чинро калидӣ донист ва гуфт, бо ин кишвар тарҳҳои сармоягузорӣ бо маблағи 1 миллиард доллар маврид иҷро аст.

13-УМИН ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ БА ПАРЛУМОН

Ин барои бори аввал аст, ки президент Раҳмон, паёми худ ба порлумонро дар Кохи Сомон, дар бӯстонсарои ҳукуматӣ ироа мекунад.

Дар канори вакилони Маҷлиси намояндагон, палати поёнӣ ва аъзои Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳайати кобинаи давлат, раҳбарони вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ, аҳли фарҳангу зиё ба ҳангоми ироаи паёми раиси ҷумҳур дар толори Кохи Сомон ҳузур доранд.

Паёми раиси ҷумҳур аз тариқи чаҳор шабакаи телевизиони давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад ва сокинон ва кормандони идораву муассисаҳо метавонанд онро бишнаванд.

Паёми имсолаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба порлумони кишвар дар марҳилаи хос ва ҳассоcе ироа мешавад. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар шароите паёми худро ироа мекунад , ки равобити дучори чолиши Тоҷикистон бо ҳамсояи худ Узбакистон, ки роҳи аслии таъминотии Тоҷикистон аз он убур мекунад, ба нуқтаи атф расидааст. Мушкили Тоҷикистон ва Узбакистон бар сари иҷрои тарҳҳои бузурги энержӣ, ахиран бо қатъи интиқоли гази он кишвар ба корхонаҳои азими Тоҷикистон ва тахриби қитъаи роҳи оҳани Амузган-Хатлон, таниши бештаре пайдо кард.

Аз сӯи дигар, мушкилоти ҳалношудаи Тоҷикистон бо муҳимтарин шарики роҳбурдии худ Русия бар сари ҳузури пойгоҳи ин кишвар ва масоили дигари минтақаӣ, ба сурати бесобиқа печида гаштааст. Дар чунин шароите қарор аст, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон паёми солонаи худ ба манзури таъйини хати машши давлатро ироа кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG