Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба паёми солонаи раисиҷумҳур


Коршиносон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар робита ба паёми солонаи раисиҷумҳур ба порлумон назарҳои мухталиф баён кардаанд. Дар ҳоле, ки иддае аз паёми президент изҳори қаноатмандӣ мекунанд, бархеи дигар мегӯянд, он аз паёмҳои қаблӣ фарқи кам дошт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи рӯзи шанбе, бо паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ, дар иҷлосияи муштараки ду табақаи порлумони Тоҷикистон суханронӣ ва самтҳои аслии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро баён кард.

Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал–демократи Тоҷикистон, мегӯяд, дар паёми раисиҷумҳур ягон дигаргунии ҷиддӣ набуд. Вай бар ин назар аст, ки бояд роҳҳои расидан ба ҳадафҳои пешгирфтаи давлат дар паём мушаххас баён мешуд.

Ҷаноби Ҳаким дар вокуниш ба изҳороти Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди вазъи фасоду ришвахорӣ мегӯяд: «Тоҷикистон то иқтисодиёти истеҳсолӣ надошта бошад ва рақобати солим вуҷуд надошта бошад, фасод - мушкили иҷтимоии ҷомеаро аз байн бурдан хеле мушкил аст».

Аз сӯи дигар Шокиҷони Ҳаким фаъолияти озоди матбуот ва аҳзоби сиёсиро аз омилҳои аслии ҷилавгирӣ аз фасод дар кишвар медонад.



Аммо Исмоил Талбаков, муовини авали раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бар ин назар аст, ки паёми солонаи президент тавонист, тамоми бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро дар бар бигирад.

Вай таҳия ва тасвиби қонунҳои нави марбут ба беҳбуди вазъи иқтисодӣ, масоили андоз ва сода кардани молиётситониро аз нукоти муҳими паёми раисиҷумҳур хонд, ки имкон медиҳад, ҳам мушкили андозсупорандагон осон шавад ва ҳам буҷаи кишвар ғанӣ гардад.

Ҷаноби Талбаков ҳамчунин мегӯяд, яке аз масоиле, ки дар паёмҳои пешини раисиҷумҳу ба мушоҳида намерасид, мавзӯи муроҷиати шаҳрвандон ба ниҳодҳои давлатӣ ва супориши қатъии президент ба раҳбарони вазорату идораҳо ва вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар буд.

Муовини авали раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки таҳаввулоти ахир дар Қирғизистон заминаи чунин таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба арзу шикояти шаҳрвандон аст.

Аз сӯи дигар Исмоил Талбаков, дастури қотеи раисиҷумҳур дар бораи манъи фурӯши саҳмияҳои неругоҳи Роғунро муҳим хонд.



Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳамзамон вазири нақлиёт ва коммуникатсия, низ аз паёми раисиҷумҳур изҳори қаноатмандӣ мекунад.

Вай мегӯяд, барномаҳо ва пешниҳодҳои президент барои бахшҳои иқтисод, ба хусус нақлиёт, рушди ин соҳаҳоро таъмин карда метавонад.



Вале Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони, мегӯяд, суханронии имсолаи президент аз паёмҳои қаблӣ чандон фарқияте надошт.

Яке аз дигаргуниҳои муҳтавои паём, ба гуфтаи ӯ, ин буд, ки баъзе аз нуктаҳои барномаҳои пешазинтихоботии аҳзоби сиёсӣ ба он ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG