Пайвандҳои дастрасӣ

Портрети воқеии модари тоҷик аз он тавсифҳои забонӣ, ки аз минбарҳои баланд садо медиҳанд, то куҷо фарқ мекунад?

Кишварҳои зиёди дунё Иди модарро, ки дар Тоҷикистон 8-уми март аст, рӯзи якшанбеи дувуми моҳи май таҷлил мекунанд. Иди модар дар ин кишварҳо имсол ба 13-уми май дуруст меояд.

“Азизтарин мавҷуд” дар саҳрои колхозӣ

Модари тоҷикро аз минбарҳо азизтарин мавҷуди рӯи замин, чароғи хонадон ва офарандаи ҳаёт ном мебаранд ва ҳатто ҷаннатро дар зери қудуми модарон меҷӯянд. Аммо воқеияти зиндагии ин модар дар Тоҷикистон чандон ба ин ташбеҳҳои шоирона монанд нест.

Мунаввар Султонова 58 сол ва 9 фарзанд дорад, ки дуяш дар Русия муҳоҷиранд. Ӯ мегӯяд, нисфи умраш сарфи таваллуд ва тарбияи фарзандон шуд ва ними дигари умраш акнун дар раҳпоӣ ва ғами мусофиронаш мегузарад.Танаш пӯшида ва ҷогаҳаш гарм аст? Оё кай бар хоҳад гашт? Апаи Мунаввар мегӯяд: “То ҳоло кори колхоз мекунем. Ягон маош надорад. Фақат дар мавсими чобуқ 50 ё 60 сомонӣ медиҳанд, тамом. Дигар фақат барои як қабза ғӯзапаяаш кор мекунем. Мушкил аст зиндагӣ, ки бачаҳо Русия мераванд. Набошад, киро мефорад, ки фарзандашро аз танаш ҷудо кунад?”

Занони фаъоли тоҷик ҳангоми дидор бо Ҳилларӣ Клинтон дар Душанбе.

Занони фаъоли тоҷик ҳангоми дидор бо Ҳилларӣ Клинтон дар Душанбе.

Ҳамин тавр, 70 дарсади модарони тоҷик дар русто ба сар мебаранд. Ойниҳол Бобоназарова, як ҳомии маъруфи ҳуқуқи зан мегӯяд, аксари ин модарон дар як шароити сахти беҳуқуқӣ ва бидуни итминони қавие ба фардои хуштар қарор доранд: “Дар хориҷа занону модаронро мебинам, ки дастгоҳҳои аккосӣ сари китф кишвар ба кишвар саёҳат мекунанд. Вале модари тоҷик сари гаҳвора аст ҳамеша ва аз маҳаллаву шаҳраш берун намебарояд. Аксар чашм ба роҳ писарон ё шавҳарони муҳоҷираш аст ва ҳам дар фикри масоиле, ки зимистон чӣ хел хоҳад омад, барқ мешавад ё на, нафақаашро мегирад ё на, ин нафақа ба пули доруву дармонаш мерасад ё не... Аксари модарон дар ҳоле қарор надоранд, ки намедонанд, фардои онҳо чӣ хоҳад шуд?”

Беш аз нисфи аҳолии баркамоли Тоҷикистон занонанд, ки 1,1 миллиони онҳо хонашин будаанд. Саодат Олимова, коршиноси маркази таҳлилии “Шарқ” занони хонашинро на як артиши бузурги бекорон, балки баръакс як чархи муҳими аробаи иқтисоди кишвар меҳисобад: “Занонро дар Тоҷикистон як нерӯи ғайрифаъоли иқтисодӣ ҳисоб мекунанд, вале дар асл онҳоянд, ки нигоҳубини атфол ва пиронсолонро дар хонаводаҳо ба дӯш доранд. Таваллуди мардон – як маҳсулоти аслии содиротии кишвар, ки Тоҷикистон ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Русия мефурӯшад, низ дар дӯши ҳамин занҳост.Ин ҳама ба дӯши аксарияти безабонест, ки дидаву шунида намешавад.”

Насли нави занони муваффақ

Аммо аз байн рафтани имтиёзҳои фаровони даврони Шӯравӣ, сахтиҳои замони ҷанги дохилӣ ва табдили сохти иҷтимоӣ тафаккури суннатиеро, ки занони тоҷикро дар қайди чордевори хонавода нигоҳ медошт, тағйир дод ва як насли нави модарони тоҷикро ба майдон овард, ки ба фарқ аз ин “аксарияти безабон” хомӯш нест, балки таваллуди фарзанд ва корубори хонаро монеи карйера намедонад. Бино ба омори расмӣ, шумори занони соҳибкор дар Тоҷикистон дар 5 соли охир ба 190 000 нафар расидааст.

Рухшона, як зани ҷавони сокини Душанбе, бо вуҷуди таваллуди 3 фарзанд тавонист 2 маълумоти олӣ бигирад ва ҳоло дар ширкати сайёҳӣ кор мекунад. Рухшона мегӯяд, аз нигоҳи молӣ вобастаи шавҳар нест ва бо пули худаш мошин ҳам харидааст, ки худаш меронад: “Якум инки дар оила дастгирӣ карданд ва фарзандонамро нигоҳубин мекарданд ва ман шароит ёфтан барои кор кардан. Дувуман, хоҳиши худам ҳам буд. Ин ҳам барои худи ман хуб аст ва ҳам барои шавҳарам ҳам як дастгирии молӣ мешавад. Модарони тоҷик набояд дастнигари касе бошанд, бояд худашон кор кунанд, ягон ҳунар омӯзанд. Баъзеҳо мегӯянд, ки синнамон рафту дигар дер шуд. Вале ба назари ман, чунин тафаккур хатост.”

Саводи модар

Ба назари аксар, саводи модар дар тарбияи фарзандонаш низ асар дорад ва дар бисёри маворид аз модари бесавод фарзандоне ба воя мерасанд, ки низ ба таҳсил алоқаи чандон ннишон намедиҳанд ва дар натиҷа Тоҷикистон метавонад барои даҳсолаҳо ҳамчунон як содиркунандаи нерӯи арзон ва сиёҳи корӣ боқӣ бимонад. Рухшона мегӯяд: “Албатта, зане, ки савод дорад, тарбияи кӯдаконаш ҳам фарқ мекунад ва тарбия дар чунин муҳит беҳтар аст. Оилаҳое ҳам ҳаст, ки мегӯянд, духтар хоҳ-нохоҳ ба шавҳар баромада меравад, хонданаш шарт нест ва сармоягузорӣ намекунанд ба таҳсили духтар, ки модари оянда аст. Чунин фикри ғалат ҳам ҳаст дар мардуми мо.”

Зан то аз по наафтад

Мунаввар аммо мегӯяд, таваллуди 9 фарзанд ва кори сахти колхоз танашро чунон дардманд кардааст, ки аз дарди талхаву ҷигар азият мекашад ва гоҳо ба худ мегӯяд, ки кош, ягон фарзандашро ба донишгоҳи тиббӣ мебурд, то имрӯз табобаташ мекард.

Шамсиддин Қурбонов, раиси Пажӯҳишгоҳи акушериву гинекологии Тоҷикистон мегӯяд, модарони тоҷик то замоне ки аз по наафтанд, ба духтур муроҷиат намекунанд: “47-48 дарсади занони қобили таваллуд дар Тоҷикистон гирифтори камхунӣ буда, 35-36 дарсад бемории гурда доранд ва 30-35 дарсади дигар - гирифтори камйодӣ ё ҷоғар. Бемориҳои дилу роҳҳои нафаскашӣ 10-12 дарсадро ташкил медиҳад. Ин аст як портрети миёнаи саломатии модари тоҷик. Як одати устуворе дорад мардуми мо, ки ба саломатӣ он қадар таваҷҷӯҳ намедиҳад. Зан ба пояш бигардад, мегӯянд, солим аст. Вақте ғалтид, мегӯянд, то дина ба пояш мегашт, соз буд."

Мақоми 62-юми модари тоҷик

Ахиран Сандуқи Наҷоти кӯдакон дар гузориши густардае Тоҷикистонро аз нигоҳи ҳифзи ҳуқуқ ва саломати модарон дар байни 80 кишвари дар ҳоли рушди нисбӣ дар мақоми 62-юм гузошт. Дар ин раддабандӣ аз мо пештар Ҳондурасу Озарбойҷон аст ва баъди мо Саудиву кишвари африқоии Свазиленд. Модарон дар Тоҷикистон нисбат ба мардон барои айни кор 35 дарсад маоши камтар мегиранд, бо вуҷуди беш аз нисфи аҳолӣ будани занон ҳузури онҳо дар мансабҳои давлатӣ ҳамагӣ 18 дарсад буда, шашяки занони тоҷик то ҳол дар хона таваллуд мекунанд.

Ба гуфтаи Шамсиддин Қурбонов, ба ҳар сурат, сиёсати танзими оила дар ду даҳаи гузашта самар дод ва агар дар аввали солҳои 90 ба ҳар модари тоҷик қариб 7 кӯдак рост меомад, ҳоло ин рақам ба 3,7 расидааст, яъне қариб 2 маротиба камтар.

Аз шукргузорӣ то модари идеалӣ

Ҳуриннисо Ғаффорзода

Ҳуриннисо Ғаффорзода

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи зан, шояд акнун бо коҳиши таваллуд ва кам шудани ташвиши тарбияи фарзанд, модари тоҷик сари худро гоҳ-гоҳ аз сари гаҳвора бардорад ва ба маҳдудаи фаротар аз чордевори хонааш назар андозад, ки зиндагӣ дар берун кайҳо дигар шудааст. Ҳуриннисо Ғаффорзода, раҳбари созмони “Оштии миллӣ” портрети модари тоҷикро дар идеал чунин мебинад: “Аксар мегӯянд, зан бояд бону бошад, дар хона бошад... Бале, мо вазифаи модарӣ ва тарбияи фарзандро дорем, вале ман зани имрӯзаи тоҷикро мехоҳам лидер бубинам, мехоҳам олимаҳое бошанд, ки бо кашфиёти худ сазовори ҷоизаи Нобел шаванд. Ва зани тоҷик аз ҳамон чорчӯбаи таассубу хурофот берун омада, озодиву мустақилият ба даст биорад дар андеша, дар тафаккур ва ҷаҳонбинӣ.”

Хонум Ғаффорзода вале мегӯяд, то расидан ба ин симои идеалӣ роҳи тӯлоние дар пеш аст. Аксари ин модарон бо вуҷуди ҳама каму кости рӯзгор боз ҳам шукри зиндагӣ мекунанд ва дасти дуо мекушоянд, ки ҳарчӣ дар зиндагӣ ба онҳо муяссар нашуд, ба фарзандони онҳо насиб гардад.

Иди модар барои ҳамаи шумо муборак, модарони азиз!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG