Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат омодааст НДС барои бензинро коҳиш диҳад?


Бархе аз ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон мегӯянд, дар сурати кам кардани андоз аз арзиши изофӣ нархи ин мавод поён хоҳад омад.

Намояндагони ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон мегӯянд, агар ҳукумати ин кишвар ақаллан 18 фоизи андоз аз арзиши изофӣ ё НДС-ро аз болои қимати бензину солярка бардорад, нархи маводи сӯхт то 30 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Ҳамсӯҳбати мо аз ширкати "Газромнефти Тоҷикистон", ки худро Сироҷ Маҳмадов муаррифӣ кард, гуфт, агар ин иқдом сурат бигирад, нархи навъи бензини 92 дар Тоҷикистон ба 4,5 сомонӣ поён хоҳад омад: "Навъи бензини 92 шаш сомониву 50 дирам буд, ҳоло 10 дирам гаронтар шудааст. 18 фоизи андоз аз арзиши изофиро аз болои 10 тонна бензин гирем, хеле арзон мешавад. Дар дохил нархи бензин ҳатто ба 4 сомониву 30 дирам хоҳад расид."

Намояндагони ширкатҳои дигари воридкунандаи маводи сӯхт ба мисли "Умед-88", "Нафтрасон" ва дигар ширкатҳо тақрибан ҳамин ҳарфро мезананд. Аммо Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, яке аз даромадҳои аслии маблағ ба буҷаи кишвар андоз аз арзиши изофист, ки аз маводи сӯхт гирифта мешавад.

Ба назари Хадамоти гумруки Тоҷикистон коҳиш додани НДС ё кам кардани он дар ҳоле ки буҷа барои соли 2012-ум қабул шуда ва мавриди амал қарор дорад, имконпазир нест. Ин дар ҳолест, ки афзоиши рӯзафзуни қимати бензин ва хусусан солярка ба зиндагии рӯзмарраи мардум чӣ дар шаҳристонҳо ва деҳот таъсири манфӣ гузоштааст. Тайи ин чанд соле, ки маводи сӯхт гарон шудааст, кишоварзон наметавонад саривақт заминҳои худро кишт кунанд ва ё ҳосили худро зуд ба бозорҳо расонанд. Гузашта аз ин, нархи роҳкиро низ тақрибан як баробар боло рафтааст.

Вале дар ҳамин ҳол Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон як таҳқиқоти густардаеро дар мавриди андозҳо рӯи даст гирифтааст, ки аз ҷумла паҳлуҳои андоз аз даромади изофиро низ мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод. Фарида Мӯъминова, сардори раёсати масоили иқтисодии ин марказ гуфт, "таҳқиқоти мо марбут ба тағйир додани навъҳои андоз мебошад. НДС ҳам дар назар аст. Албатта, коҳиш ёфтани НДС ба нархи маводи ворида таъсир мегузорад, вале барои мисол дар нуқтаҳои фурӯши бензин худи фурӯшандаҳо ба ин амал зуд даст намезананд."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:20 0:00
Линки мустақим


Дар ҳоли ҳозир ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт дар ивази беш аз 1 ҳазор доллар як тонна бензинро аз Русия ворид мекунанд. Кумитаи андоз болои он андоз аз арзиши изофиро мегузораду қимати он ҳанӯз ба нуқтаҳои фурӯш нарасида, ба 1 ҳазору 180 доллар баробар мешавад. Болои он, ширкатҳои воридкунанда то 10 фоиз фоидаи худро гузошта ба нуқтаҳои фурӯш таҳвил медиҳанд.

Ахиран ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, андоз аз даромади изофӣ, яъне НДС-ро дар сурати ворид намудани таҷҳизоти фаннӣ барои корхонаҳоро бардоранд. Аз намояндаи Кумитаи иқтисодии Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов пурсидем, оё ҳукумати кишвар метавонад андоз аз маводи сӯхтро ҳам бардорад ва ё кам кунад. Ӯ гуфт, танҳо дар сурати пайдо намудани сарчашмаи дигари мафод метавон ин масъаларо бознигарӣ кард: "Ҳоло дигар буҷа тасдиқ шудааст. Дар сурати пайдо кардани сарчашмаи иловагӣ мешавад НДС бар рӯи маводи сӯхтро кам кард. Агар ҳоло ин кор карда шавад ба буҷахӯрҳо чӣ гуна маошу нафақа дода мешавад. Масалан, барои арзон кардани воридоти гандум НДС ҳудуди 10 фоиз коҳиш дода шудааст."

Бархе аз таҳлилгарон, аз ҷумла иқтисодшинос Ҳакими Даврон, бар ин назар аст, ки ҳоло гаронии нархи бензину солярка ба ҳадде ба зиндагии мардум ва соҳаи кишоварзӣ ва аз ҳама бештар ба нархи бозорҳо таъсири манфӣ гузоштааст, ки барои мардум арзонии қимати маводи сӯхт ҳоло аз гандум ҳам заруртар шудааст.

Ин ҳама дар ҳолест, ки қарор аст, аз моҳи майи соли ҷорӣ Русия боҷи гумрукӣ барои содироти нафти ин кишварро боло бубарад. Агар дар ҳоли ҳозир барои воридоти як тонна бензини русӣ 370 доллар боҷи гумрукӣ пардохт мешавад, сар аз моҳи оянда ин рақам ба 414,6 доллар хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG