Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бисёре аз ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, маоши онҳо барои таъмини хонаводаашон бо ғизои хубу солим кофӣ нест.

Давлати Тоҷикистон меъёри сабади истеъмолиро дар як моҳ 120 сомонӣ барои як нафар таъйин кардааст. Дар ҳоле ки моҳонаи ҳадди ақал дар ин кишвар 80 сомонӣ буда, ҳаҷми сабади истеъмолии воқеӣ дар соли гузашта 248 сомониро ташкил дод.

Бино ба омори расмии давлати Тоҷикистон, ҳудуди 70 дарсади мардум дар ҷумҳурӣ аз 80 то 280 сомонӣ моҳона ё музд мегиранд. Ин манбаъ мегӯяд, дар ҷумҳурӣ ҳудуди як миллион хонавода ба сар мебарад, ки шумори одамон дар бархе аз ин хонаводаҳо ба даҳ нафар ва ё аз ин ҳам бештар мерасад.

Агар дар як хонавода ҳафт нафар зиндагӣ кунанд, бар асоси сабади воқеии истеъмолӣ, ки 248 сомониро ташкил медиҳад, ин хонавода танҳо барои ғизо бояд дар як моҳ 1 ҳазору 736 сомонӣ харҷ кунад.

Бештари ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, ки барои хариди ғизо дар як моҳ ҳудуди 1 ҳазор сомонӣ ва аз он бештар сарф мекунанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо ҳар рӯз гӯшту мева намехӯранд. Бархе аз онҳо мегӯянд, ба далели камбизоатӣ хеле сарфакорӣ мекунанд ва бо ин ҳол ҳудуди 300 сомониро фақат барои харидории картошкаву пиёз ва нон харҷ мекунанд.

Ҳар сол дар остонаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон, иди Қурбон ва соли нави милодӣ нархи ғизо дар Тоҷикистон боз ҳам боло меравад. Ин аст, ки Хадамоти зидди инҳисорӣ ё зидди монополии Тоҷикистон тарҳи низомнома дар бораи ташаккули нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалияро дар мувофиқа бо вазоратҳои марбута омода карда ва барои тасвиб ба ҳукумат пешниҳод намудааст. Ин низомнома танзими нархи орду гандум, равғани растанӣ, гази моеъ, бензин, шакар ва ғайраро дар бар дорад.

Ин навори видеоро бубинеду бинависед, ки худи Шумо барои харидории маводи ғизоӣ дар як моҳ чӣ қадар сарф мекунед ва дастурхони Шумо аз чӣ иборат аст?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG