Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳероин дар шарбати "Нури зулол"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти тоҷик аз истифодаи шеваҳои нави интиқоли маводи мухаддир аз сӯи қочоқбарон хабар медиҳанд.

Саъдулло Раҳматуллоев, сардори Дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи сешанбе ба радиои Озодӣ гуфт, барои нахустин бор аст, ки кормандони Оҷонсӣ зимни амалиёт дар бастаҳои шарбати «Нури зулол» ҳероин пайдо караанд.

Қочоқбарон бо истифода аз ин усул, теъдоди ҳероинеро, ки дар Русия дар ивази беш аз 20 ҳазор доллар ба фурӯш мерафт, мехостанд аз қаламрави Тоҷикистон берун баранд.

Ба қавли ҷаноби Раҳматуллоев, ин амалиёт дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар шимоли кишвар пиёда карда шуд ва як сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба гумони интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид.
Ин шахс бо мақсади пинҳон нигоҳ доштани маводи мухаддир, онро дар бастаҳои «Tetra Pak» бо тамғаи тиҷоратии «Nuri Zulol» ҷойгир кардааст.

Дар ҷараёни ҷустуҷӯ аз шахси гумонбар, ки номаш ба хотири идомаи тафтиш фош карда намешавад, 4 қуттии шарбат пайдо карданд, ки дар дохилашон бастаҳои ҳомили маводи мухаддир будаанд. Лабораторияи Раёсати оҷонсӣ навъи ҳероин будани ин маводи мухаддирро муайян кардааст,

Тибқи иттилои Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, қимати 1 кило ҳероини навъи аъло дар вилояти Суғд беш аз 5 ҳазор доллар буда ва ҳамин миқдор ҳероин дар Русия тақрибан аз 20 то 25 ҳазор доллар ба фурӯш мерафтааст.
XS
SM
MD
LG