Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ғайримуқаррарии Э.Раҳмон аз Русия


Э.Раҳмон ва К.Косачёв дар расми гушоиши бахши душанбегии Донишкандаи пӯлод ва хӯлаҳои Маскав
Э.Раҳмон ва К.Косачёв дар расми гушоиши бахши душанбегии Донишкандаи пӯлод ва хӯлаҳои Маскав
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Душанбе дар расми гушоиши бахши як донишгоҳи Русия гуфт, кишварҳои зиёде дар ивази таъсиси пойгоҳҳои низомӣ ба Тоҷикистон «кӯҳҳои тилоӣ» ваъда мекунанд, вале давлати ӯ ба ягона шарики стротегиаш – Русия - содиқ аст. Аммо ӯ аз Маскав хост, то шарики «боинсоф» бошад ва дар рӯзҳои сахт дар канори Тоҷикистон рост шавад. Изҳороти Раҳмон дар посух ба як ишораи фиристодаи раисиҷумҳури Русия Константин Косачёв буд, ки дар расми гушоиши донишгоҳ гуфт, Душанбе бояд нисбат ба шарики стротежиаш «самимитар» бошад. Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон иборат аз қариб 7 000 нирӯст ва феълан мавзӯъи шароити тамдиди замони ҳузури ин пойгоҳ то 49 соли дигар дар дасти музокироти Душанбеву Маскав қарор дорад.
XS
SM
MD
LG