Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равобити Маскаву Душанбе воқеъбинона баррасӣ шавад"


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон аз Русия даъват кард, дар ивази эҳтироме, ки Душанбе ба манофеи Маскав қоил аст, Русия ҳамин гуна ба манфиатҳои Тоҷикистонро арҷ гузорад.

Ӯ гуфт, ҳамагон дар ҷаҳони имрӯз мебинанд, ки қудратҳои бузург чӣ тавр аз манфиати шарикони худ ҳимоя мекунанд ва ишора ба он кард, ки бархӯрди Русия бо Тоҷикистон ин гуна нест. Президент Раҳмон афзуд, ин шикоят нест, балки талаб дорад, муносибатҳои байни Русия ва Тоҷикистон ба таври воқеъбинона баррасӣ шаванд. Вай таъкид кард, "Русияи бузург шарики асосии стратегии Тоҷикистон буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд."

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки Русия дар қаламраваш беш аз ҳама иншооти муҳими стратегӣ дорад, аз қабили бузургтарин пойгоҳи низомии русии 201-ум, маркази назорати кайҳонии "Окно" дар Норак, гурӯҳи вижаи марзбонӣ, се донишгоҳ ва ғайраву ҳоказо. Аммо бархилофи ин воқеият, гуфт ӯ, расонаҳои ҳамагонии Русия муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Русияро таҳриф мекунанд: "Онҳо маълумоти ғалате медиҳанд, ки ҳеҷ наздикӣ бо воқеият надорад."

Константин Косачев
Константин Косачев
Вай даъвогарони овозаи генотсиди русҳо дар солҳои 1990 дар Тоҷикистонро афроде унвон кард, ки ҳатто дар харита Тоҷикистонро надидаанд. Ҳамчунин аз таърих мисоли дигаре овард: "Раисҷумҳури Русия дар замони шурӯи амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон дар ду рӯз се бор аз ман пурсид: "Эмомалӣ Шарипович! Ба ман иттилоъ доданд, ки дар Кӯлоб пойгоҳи низомии Амрико вуҷуд дорад" Ман посух додам: "Дӯсти азиз! Кӯлоб як шаҳри хурд аст, дар фурудгоҳи ҳавоиаш танҳо Ан-Як мешинанд. Дар Кӯлоб як полки тирандозии 201 иборат аз 2, 5 ҳазор афсару сарбози Русия ҳузур дорад. Ба мо бовар накунед, аз онҳо пурсед. Наход ба президенти худ чунин иттилоъ расонанд. Кӣ? Ба кӣ даркор ин иттилои бардурӯғ?"

Вокунишҳо ба ҳарфҳои Э.Раҳмон дар бораи муносиботи Душанбеву Маскав

Ин суханони раисҷумҳур дар интиҳои расми ифтитоҳи бинои Филиали донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ мавсум ба “МИСиС”-и Маскав рӯзи 17-уми апрел дар Душанбе садо доданд. Дар оғоз ҳангоми суханронӣ раисҷумҳур аз "коғаз" берун наомад, аммо вақте Константин Косачев, фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури ИДМ дар бораи ҳамкории ду кишвар сӯҳбат кард, ба назар мерасид, авзои раисҷумҳур низ тағйир хӯрд. Ҷаноби Косачев, ки дар бораи ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар заминаҳои гуногун сӯҳбат мекард, гуфт, ҳеҷ яке аз кишварҳо ҳаққи маънавӣ ва сиёсии аз даст додани дӯстӣ ва муттаҳиддии чандасраро надоранд:"Барои он ки тарҳҳои муштараки мо дар соҳаи башарӣ, аз ҷумла маорифу фарҳангу илм, иқтисод, амният, масъалаи хеле ҳассос дар Тоҷикистон ва ҷаҳони зудтағйирёбанда, пеш раванд, яқинан, дар ин тарҳҳо бояд инсонҳое бошанд, ки барои ҳамдигар на фақат шарик дар лоиҳа, балки ҳамфикр бошанд, ба якдигар эътимод кунанд ва ба самимияти ҳамдигар бовар дошта бошанд."

бинои Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологи Институти пӯлод ва хӯлаи Маскав -- “МИСиС” дар шаҳри Душанбе
бинои Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологи Институти пӯлод ва хӯлаи Маскав -- “МИСиС” дар шаҳри Душанбе
Константин Косачев охирин нотиқи ин маросим маҳсуб мешуд, аммо раисиҷумҳур Раҳмон ҷилави суханро ба даст гирифт ва таъкид кард, ки мубтакири рӯи кор омадани ин филиал, ҳамчунин Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ва ҳам Маркази фарҳангии Русия дар Тоҷикистон шахсан худи ӯ буд. Ба дунболи ин, ҷаноби Раҳмон бо муроҷиат ба Константин Косачев гуфт, дар бораи Тоҷикистон ба раҳбарият ва ҷомиаи Русия иттилои нодуруст мерасонанд. Вай афзуд, Тоҷикистон то ба имрӯз аз манофеи Русия дар минтақа ҳимоят кардааст:

"Мо ин корро ба хотири он намекунем, ки ба касе маъқул шавем. Ман ба пуштибонии сиёсии ин ё он кишвар эҳтиёҷ надорам. Ман аз миёни мардум омадаам. Ягон фурудгоҳи эҳтиётӣ надорам. Маро халқи худам гӯручӯб мекунад. Дар болои мизи ман бастаи пешниҳоди кишварҳои абарқудрат дар бораи бунёди пойгоҳҳои низомӣ ва дигар иншоотҳои хобидааст. Аммо мо ин корро накардем. Онҳо ба мо кӯҳи тиллоро ваъда мекунанд. Мо мавқеи худро тағйир надодем. Аммо ҳар як қарори сиёсӣ нархи худро дорад."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:16 0:00
Линки мустақим


Эмомалӣ Раҳмон дар охири суханрониаш аз ҷанги дохилӣ ва нерӯҳое ёдовар шуд, ки Тоҷикистонро ватани мусалмонон ва тоҷикон мехонданд ва русҳоро мавриди таъқибу фишор қарор медоданд. Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки лаҳза ба лаҳза эҳсосӣ мешуд, аз сафари Собчак ба Тоҷикистон ба хотири дифоъ аз мухолифони исломӣ ва ҳам ҳодисаи аз миён бурдани заставаи 12 дар Шӯробод ёдовар шуд.

Вай аз Константин Косачев, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури ИДМ хоҳиш кард, ин мавқеи ӯро метавонад ба раҳбарияти кишвараш расонанд. Дар ниҳоят раисиҷмуҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки ин суханонро на ба хотири худро сафед кардан ва дастгирӣ дидан дар интихоботи президентии соли 2013 мегӯяд. Вай афзуд, Тоҷикистон ҳамеша дар канори шарики стратегии худ аст ва ахирӣ ҳам бояд дар рӯзҳои вазнин дар канори Тоҷикистон бошад.

Пас аз анҷоми суханронӣ, дар даромадгоҳи донишгоҳ вақте бо масъулин масъалаи сохтмони хобгоҳ ва бинои нав барои донишгоҳи навро сӯҳбат мекард, ба Константин Косачев рӯ оварда, бо табассум пурсид, ки мабодо хафа нашудааст. Фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия ҳам бо табассум ва бо нишони инкор сар ҷунбонд, дар ҳоле, ки ҳарду дасти ҳамро мефушурданд...
XS
SM
MD
LG