Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канорагирии аъзои ИДМ аз баҳси Душанбе ва Тошканд


Ҳамоиши вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Остона, 6 апрели 2012
Ҳамоиши вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Остона, 6 апрели 2012

То ҳол ягон кишвари ИДМ ба баёнияҳои Тоҷикистон дар бораи амалкардҳои Узбакистон вокуниш нишон надодааст.

Дар Остона, пойтахти Қазоқистон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои муштаракулманофеъ ва кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд. Дар ин мулоқот Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ширкат кард. Дар остонаи ин мулоқот давлати Тоҷикистон аз роҳҳои дипломатӣ ба маҳофили байналмиллалӣ аз сардии муносиботаш бо Узбакистон кишвари ҳамсоя хабар дод.

Аввал, 2 апрел сафорати Тоҷикистон дар Маскав роҷеъ ба муносиботи бӯҳронии миёни Душанбеву Тошканд эъломияе пахш кард. Сипас, 5 апрел, Асомиддин Саидов-сафири Тоҷикистон дар Бишкек дар нишасти хабарие бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Узбакистон мехоҳад бо амалкардҳои худ субот дар Тоҷикистонро ба ҳам занад.

Оё вазирони корҳои хориҷии кишварҳои муштаракулманофеъ чунин изҳороти Тоҷикистонро роҷеъ ба вазъи пешомада дар қаламрави ин созмон дар баррасиҳои худ дар назар хоҳанд гирифт? Бӯрихон Нурмуҳаммадов, раиси Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти миллии Қазоқистон ба ин суол чунин посух медиҳад: “Ман фикр намекунам, ки сохтори СНГ дар ин замина ягон ниҳоди воқеан муассир бошад ва битавонад ин масъаларо то андозае нармтар кунад ё тасмими қобили қабули тарафҳоро пайдо намояд”.

Аз сӯи дигар, оқои Нурмуҳаммадов бар ин ақида аст, ки Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ё СНГ ҳоло давраи бӯҳрониро паси сар мекунад ва дар гузаштаҳо низ ин созмонро “клуби президентҳо” мегуфтанд. Касе намехоҳад ин ниҳодро барҳам диҳад, вале ба ҳама рӯшан аст, ки ин созмон чун ҷойгузини Шӯравӣ дар ҳали мушкилиҳои пешомадаи пасошӯравӣ аз дасташ коре низ барнамеояд.

Гурҷистон аз як сӯ бо назардошти чунин заъфиятҳои СНГ ва аз сӯи дигар баъд аз ҳамлаи 8-11 августи соли 2008-и Русия узвияти худ дар СНГ-ро бефоида донист ва аз он хориҷ шуд. Суоле пеш меояд, ки Тоҷикистон низ дар оянда метавонад аз роҳи Гурҷистон пеш биравад, агар ин созмон мушкилиҳои Тоҷикистонро ҳамчунон нодида бигарад? Тақрибан ҳамаи таҳлилгарон ин имконро рад мекунанд ва мегӯянд, рӯй гардонидани Тоҷикистон аз СНГ ба маънии рӯй гардонидан аз Русия аст. Тоҷикистону Русия худро шарики стротегӣ медонанд ва онҳо аз бисёр ҷиҳат пойбанди якдигаранд. Масалан, ҳоло Русия ба истилоҳ “ақибгоҳ”-и таъминкунандаи ҷои кории ҳудудан миллион нафар муҳоҷирони кории Тоҷикистон мебошад.

Аммо Владимир Жарихин-муовини раиси Пажуҳишгоҳи кишварҳои муштаракулманофеи Русия дар Маскав муносиботи сарди Тошканду Душанберо муносиботи комилан хусусии миёни ду кишвари ҳамсоя медонад ва мегӯяд, то ҳол ҳеҷ як аз ин ду кишвар барои рафъи мушкилиҳояшон ба Русия муроҷеат накардаанд, то Русия дар ҳали ин масъала подармиёнӣ кунад. Вай мегӯяд, Русия ҳеҷ гоҳ аз мавзеъгирии Узбакистон бар зидди Тоҷикистон ҳимоят накардааст ва Русия нисбат ба Узбакистон бо Тоҷикистон наздиктар аст: “Муносибати миёни Русияву Тоҷикистон хеле наздиктар аз муносиботи Русия бо Узбакистон аст. Тоҷикистон узви Созмони ҳамкории АруОсиё ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъист. Узбакистон аз созмони АвруОсиё хориҷ шуд ва узвияташ дар Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро боздошт”.

Аммо Худойбердӣ Холиқназаров-таҳлилгари тоҷик муносиботи сарди миёни Тоҷикистону Узбакистонро чандон решадор намедонад ва мегӯяд, дар гузаштаҳо низ ин мушкилиҳо вуҷуд дошт ва ҷонибҳо худашон роҳҳои ҳалро пайдо карда буданд: “Масъалаҳое, ки дар байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбакистон вуҷуд доранд, ин масъалаҳои дутарафаанд ва онҳо дар чаҳорчӯби, масалан кумиссиюни муштараке, ки байни ду кишвар вуҷуд дорад, ҳалли худашонро меёбанд. Ман мутмаин ҳастам”.

Бо чунин нуқтаи назар Алишер Таксанов-таҳлилгари узбак дар Шветсария розӣ нест ва чунин мегӯяд: “Ман фикр намекунам, ки раҳбарияти сиёсии Узбакистон нақши кунунии худро тағир диҳад, зеро чунин мавзеъгирӣ ба он имкон медиҳад, ки ба Тоҷикистон фишор орад”.

Чунин ба назар мерасад, ки созмонҳои “пайдошуда” дар қаламрави Шӯравии пешин наметавонанд ё намехоҳанд ба мавзеъгириҳои якдигар дахолат кунанд, то мушкилоти мавҷуда дар қаламрави ин созмонҳо ҳал шавад. Русия дар ин созмонҳо кишвари тасмимгиранда аст ва ин созмонҳоро чун василаи расидан ба ҳадафҳои худ дар густараи Шӯравии пешин истифода мекунад, вале агар масъалае аз доираи ҳадафҳояш берун бошад, онро ба муносиботи дуҷонибаи кишварҳо вогузор мекунад.
XS
SM
MD
LG