Пайвандҳои дастрасӣ

Дар баёнияе, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия нашр кард, аз муносибати Тошканду Душанбе нигаронӣ шудааст.

Баёнияи матбуотие, ки рӯзи 2-юми апрел дар торнамои сафорати Тоҷикистон дар Русия нашр шуд, раҳбарияти Узбакистонро ба идомаи таъқиби роҳи мухолифат ва истифодаи фишангҳои фишори иқтисодиву иртибототие айбдор мекунад, ки “водор кардани Тоҷикистон ба пазируфтани тасмимҳои ба сӯди Тошкандро ба ҳадаф дорад”.

Бино бар ин санад, Узбакистон аз соли 2010 ба таври мунтазам тавассути манъи қасдонаи вагонҳо, даст ба муҳосираи иқтисодии манотиқи ҷанубу маркази Тоҷикистон задааст. Дар ин робита аз 17-уми ноябр ба ин сӯ баста будани роҳи оҳан дар қитъаи Ғалаба-Амӯзанг, оғози тахриби ин қитъаи роҳи оҳан, мушкилоти мавҷуда дар масъалаи воридоти гази Узбакистон ба Тоҷикистон ва манъи транзити нерӯи барқи Туркманистонро мисол овардаанд. Дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузангро барои тақрибан се миллион сокини вилояти Хатлону Бадахшон муҳим хондааст.

Баҳси ду кишвар дар масоили дигари доғе, чун тақсими об, сохтани нерӯгоҳҳо, фаъолияти Талко, минагузории марзҳо, то ҳол аломатгузорӣ нашудани марзи ду кишвар низ дар ин баёнияи матбуотӣ аз соҳаҳои дигари танишзо дар равобити Душанбеву Тошканд номбар шудааст.

"Бояд гуфт, ҷониби Узбакистон борҳо ӯҳдадориҳои худ, аз ҷумла дар мавриди интиқоли газро нақз мекунад",-омадааст дар ин баёния. Бино бар ин санад, рӯзи панҷуми январи соли ҷорӣ Тоҷикистон барои гирифтани 200 миллион метри мукааб газ дар тӯли сол бо Узбакистон қародод имзо кардаанд. Аммо танҳо баъд аз гузашти ду моҳ ҷониби Узбакистон гуфтааст, аз якуми апрел интиқоли газро қатъ менамояд. Он ҳам ба далели афзоиши интиқоли газаш ба Русия ва Чин.

Маълум нест, ки ин баёнияи расмии вазорати хориҷии Тоҷикистон аст ё сафорати Тоҷикистон дар Маскав, вале муаллифонаш, ин ҳама мавориди номбаршударо аломати муҳосираи иқтисодии эълоннашуда ва пайвастаи Тоҷикистон хонда, гуфтаанд, ки ҳадаф бесубот кардани вазъи иҷтимоиву сиёсӣ дар Тоҷикистон аст. Ин баёния, ки рӯзи дуюми апрел дар торнамои сафорати Тоҷикистон дар Русия нашр шуда буд, баъд аз соати даҳ ба вақти Душанбе "ғайб" зад.

Ба ақидаи онҳо, ҳолати пешомада вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистонро боз ҳам бадтар карда, таҳдиди як фалокати башариро дар пай дорад.

Дар навор: Назари сокинони Тоҷикистон дар бораи ҳалли мушкили миёни мақомоти ду кишвари ҳамсоя.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG