Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарифӣ: "Русия шарики стратегӣ буд, ҳаст ва мемонад"


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки Русия шарики стратегии Тоҷикистон буд, ҳаст ва хоҳад монд.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ин матлабро рӯзи 29-уми феврал зимни мулоқот бо кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав баён доштааст.

Оқои Зарифӣ гуфтааст, алорағми баёнияҳои ғайримунсифонаи бархе аз сиёсатмадорон ва гурӯҳҳо дар Русия, Душанбеву Маскав шарикони стратегӣ боқӣ мемонанд.

Ин изҳороти вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи чаҳоршанбе вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон созишнома дар бораи ҳамкории марзии Тоҷикистону Русияро ба таври "фаврӣ" тасвиб карданд.

Ин созишнома ҳамкориҳои ду кишварро дар масъалаҳои марбут ба омодасозии мутахассисони соҳаи марзбонӣ, интиқоли борҳо (аз ҷумла аз роҳҳои ҳавоӣ), таъмини фаннии постгоҳҳои марзӣ аз ҷониби Русия фаро мегирад.

Дар ин бора қабл аз раъйдиҳии вакилон дар Маҷлиси Намояндагон фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо иттилоъ дод. Ин созишнома рӯзи 2-юми сентябри соли гузашта дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури кунунии Русия Дмитрий Медведев ба Душанбе имзо шуда буд.

Думаи давлатии Русия ин паймонро, ки шароити ҳузури мушовирони рус дар марзҳои Тоҷикистон то 5 соли ояндаро муайян мекунад, ҳанӯз дар оғози моҳи феврал тасвиб кардааст.

Созишномаи пешини миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди ҳамкориҳои марзӣ моҳи октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе имзо шуда ва муддати иҷрои он 5 сол таъйин шуда буд. Бар асоси ин санад, хуруҷи нерӯҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оғоз шуда ва дар соли 2005 ин раванд поён ёфт. Марҳилаи ибтидоии хуруҷи марзбонони Русия, дар хатти марзи муштараки Тоҷикистон бо Чин сурат гирифта буд.

Ба ин тартиб, дар тобистони соли 2005 марзбонони Русия аз марз комилан хориҷ шуда ва танҳо теъдоде аз мушовирони низомии Русия барои ҳамкорӣ бо марзбонони тоҷик дар манотиқи марзӣ боқӣ монданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG