Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, нирӯҳои амниятӣ ҳамлаҳои ҷангиён дар Гардезу Ҷалолободро баргардонданд, вале даргириҳои пароканда дар Кобул ва Пулиолам ҳанӯз идома дорад. Имрӯз чанд шаҳри Афғонистон, бо шумули Кобул ҳадафи ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи чирикиҳо қарор гирифт. Як сухангӯи Толибон гуфт, ҳамлаҳои имрӯзаро Толибон дар ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои дигар анҷом додааст. Аммо Лутфуллоҳ Машъал, сухангӯи идораи амнияти миллии Афғонистон гуфт, таҳқиқоти аввалия ҳокии даст доштани шабакаи чирикии дар Покистон мустақарбудаи Ҳаққонӣ дар ин ҳамлаҳост. Ӯ афзуд, дар шимоли кишвар аз як сӯъиқасд ба ҷони Абдулкарим Халилӣ, ноиби раисиҷумҳури Афғонистон низ ҷилавгирӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG