Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон аз фишору таҳримҳои нав Эронро ҳушдор дод


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида

"Агар Эрон нигарониҳо аз барномаи ҳастаияшро бартараф накунад, мавриди таҳримҳои нав қарор хоҳад гирифт."

Ин ҳарфҳоро вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон, баён дошта ва афзуд, “вале мехоҳем шоҳиди бартараф шудани нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон аз роҳҳои сулҳомез бошем.”

Хонум Клинтон илова кард, "замон барои дипломатия беҳудуд нест ва ҳама интихобҳо ҳанӯз рӯи миз қарор доранд ва то замоне ки мақомоти эронӣ ба ӯҳдадориҳои ҷаҳонии худ амал накунанд ва нишон надиҳанд, ки ҳадафи онҳо дар барномаи ҳастаӣ сулҳомез аст, ҳамчунон бо фишори шадид ва инзивои бештар мувоҷеҳ хоҳанд шуд.” Ҳилларӣ Клинтон хостори ҳарчӣ зудтар шурӯъ шудани гуфтушунидҳо оид ба барномаи ҳастаии Эрон гардид. Ба гуфтаи ӯ, “Амрико хоҳони гуфтугӯи ҷиддист, ки бо натиҷаҳои воқеӣ анҷом ёбад.”

Охири ҳафтаи гузашта вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфта буд, Эрон ва гурӯҳи “панҷ ба иловаи як”, яъне панҷ кишвари узви домиии Шӯрои амрияти Созмони Милал ба изофаи Олмон, ба созиш расидаанд, ки даври баъдии музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон рӯзҳои 13 ва 14-уми апрел дар Истанбул баргузор шавад. Аммо ба назар мерасад, ки замону макони музокирот то ҳол мушаххас нашудааст.

Алӣ Акбари Солеҳӣ

Алӣ Акбари Солеҳӣ

Хабаргузории "Ассошиейтед-Пресс" ба нақл аз вазири умури хориҷии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ навишт, ки Эрон мехоҳад мизбонии музокиротро ё Чин ё Ироқ бар ӯҳда дошта бошанд. Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, ҳам баъд аз сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои эронияш Солеҳӣ гуфтааст, барои онҳо дар кадом кишвар баргузор шудани музокироти Эрон бо гурӯҳи “5+1” муҳим нест, муҳим, албатта, натоиҷи ин нишаст мебошад. Ахиран Ҳушёр Зебарӣ, вазири умури хориҷии Ироқ, омодагии кишвараш барои мизбонии ин гуфтушунидро эълом дошт.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Эрон мегӯянд, онҳо аз ташдиди таҳримҳо алайҳи кишвар боке надоранд ва фишори Ғарб Теҳронро барои даст бардоштан аз барномаи ҳастаӣ водор нахоҳад сохт. Ду рӯз пеш Алӣ Акбар Солеҳӣ дар сӯҳбат бо хабаргузории ИРНА изҳор намуд, ки таҳримҳо шояд мушкилоти андакеро барои Эрон эҷод кунад, аммо кишвар ба роҳаш идома хоҳад дод. Ӯ дар идома гуфтааст "мо душманони худро кам намегирем, бидуни дарназардошти ин ки онҳо то чӣ андоза заиф ва забун ҳастанд”.

Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, бошад имрӯз дар ҳузури фармондеҳони кишвар таҳдидҳои Ғарбро чун баёнгари қудрату тавоноии Эрон арзёбӣ кард. Ӯ бо ишора ба ҷанги миёни Эрону Ироқ гуфт, "дар ин ҳашт сол, дар воқеъ, қудратҳои дунё аз Шарқу Ғарб ва кишварҳои вобаста ба онҳо дар муқобили ҷумҳурии исломӣ эҳсоси заъф карда буданд.” Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд, “аксари таҳдидҳо нишондиҳандаи қудрати низоми Эрон аст. Зеро агар ҷумҳурии исломӣ қудрат ва таъсиргузорӣ надошт, бадхоҳони миллат ин гуна саросема худро ба обу оташ намезаданд.”

Ин гуфтаҳои раҳбари аъзами Эрон боз як посух ба изҳороти Иёлоти Муттаҳида ва Исроиланд, ки борҳо эълом доштанд барои мутаваққиф кардани барномаи ҳастаии Эрон аз ҳама чораҳо кор хоҳанд гирифт. Эрон мегӯяд, барномаи ҳастаияш аҳдофи сулҳомез дорад ва аммо кишварҳои ғарбӣ интизори собит кардани ин ҳарфҳо аз сӯи Теҳронанд.
XS
SM
MD
LG