Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир барои ҳалли бӯҳрони Тошканду Душанбе кӯмак хост


Асомиддин Саидов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон
Асомиддин Саидов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон

Асомиддин Саидов аз кишварҳои ҳамсоя хост, то дар ҳалли мушкили миёни Тоҷикистону Узбакистон кӯмак кунанд.

Асомиддин Саидов, сафири Тоҷикистон дар Бишкек, субҳи рӯзи панҷшанбе, 5-уми апрел, бо баргузории як нишасти хабарӣ аз кишварҳои ҳамсоя тақозо кардааст, ки дар ҳалли бӯҳрони миёни Тошканду Душанбе мусоидат кунанд.

Ҷаноби Саидов гуфтааст, Узбакистон бо амалкардҳои худ мехоҳад вазъи Тоҷикистонро ба ҳам занад. Вай дар ин нишасти хабарӣ гуфтааст, агар вазъи бӯҳронӣ ҳамчунон идома пайдо кунад, вазъи иҷтимоии мардуми Тоҷикистон бадтар шуда, ба фоҷиаи башарӣ оварда мерасонад.

Асомиддин Саидов дар ҳузури хабарнигорон таъкид кардааст, ки сарфи назар аз талошҳои созандаи Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуди муносиботи неки ҳамсоядорӣ, Узбакистон ҳамоно бо истифода аз фишангҳои иқтисодӣ ва роҳу имконоти дигари худ Душанберо маҷбур месозад, то мувофиқи манфиату хостҳои Тошканд амал намояд.

Ин ҳарфҳои сафири Тоҷикистон дар Бишкек дар робита ба муносибати мушкил ва бӯҳронии Тоҷикистону Узбакистон дар ҳолест, ки рӯзи дувуми апрели соли ҷорӣ сафорати Тоҷикистон дар Русия низ баёнияеро дар ин бора нашр кард. Ҳарчанд ин баёния баъд аз як рӯз аз торнамои сафорат ғайб зад, вале дар он раҳбарияти Узбакистон ба идомаи таъқиби роҳи мухолифат ва истифодаи фишангҳои фишори иқтисодиву иртибототӣ айбдор шуд.

Дар ин баёния таъкид шуда буд, ки Узбакистон аз соли 2010 ба таври мунтазам тавассути манъи қасдонаи вагонҳо даст ба муҳосираи иқтисодии манотиқи ҷанубу маркази Тоҷикистон задааст. Дар ин робита аз 17 ноябр ба ин сӯ баста будани роҳи оҳан дар қитъаи Ғалаба–Амузанг, оғози тахриби ин қитъаи роҳи оҳан, мушкилоти мавҷуда дар масъалаи воридоти гази Узбакистон ба Тоҷикистон ва манъи транзити нерӯи барқи Туркманистонро мисол овардаанд.

Як масъули дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи панҷуми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз посухи расмии сарвазири Узбакистонро ба номаи Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, дарёфт накардаанд. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, азбаски Оқил Оқилов расман ба ҳамтои узбакаш нома ирсол дошта буд, мунтазири дарёфти номаи расмӣ аз ӯ мебошад. "Пас аз он ки номаро расман дарёфт карданд, назари худро баён хоҳанд дошт",-афзуд ӯ.

Аммо рӯзи чаҳоршанбе торнамои вазорати умури хориҷии Узбакистон посухи Шавкат Мирзиёев ба номаи нахуствазири Тоҷикистонро нашр кард. Вай дар номаи худ, сабаби аз шабакаи воҳиди энергетикии Осиёи Миёна хориҷ шудани Узбакистон, сабаби манъи ҳаракат дар қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузганг, далелҳои қатъ шудани интиқоли гал ва масъалаи минаҳо дар марзи кишвари худро шарҳ додааст.

Вай дар мавриди қатъи интиқоли газ гуфта, ки кишвараш комилан тааҳҳуди худ дар барои интиқоли газро иҷро карда ва транзити гази Туркманистонро ҳам ба далели он ки хати лӯлаи гази ин кишвар ҷудо аз хатти Узбакистон аст, як амали номумкин медонад. То кунун ҳеҷ мақоми Тоҷикистон дар робита ба ин номаи сарвазири Узбакистон посух ва ё назари худро баён надоштаанд.

Ин дар ҳолест, ки масъулони ширкати Талко мегӯянд, ки мақомоти тоҷик барои дарёфти газ бо Узбакистон музокира доранд. Игор Сатторов, сухангӯи ширкати Талко рӯзи панҷшанбе, 5-уми апрел, овозаҳо дар мавриди боздошта шудани фаъолияти корхонаи алюминиюми тоҷикро бинобар нарасидани газ рад кард.

Ӯ гуфт, баъд аз қатъ шудани интиқоли гази Узбакистон ба Тоҷикистон сарусадоҳо дар атрофи вазъи ин корхона бештар шудааст, аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо асос надорад. Зеро ба қавли Сатторов, феълан корхонаи алюминиюм бо тавоноии пешинаи худ ба кораш идома медиҳад.

Масъули дафтари матбуоти Талко аз хабарнигорон хост, то дар ин марҳилаи ҳассос аз пахши ҳамагуна хабарҳое, ки вазъро боз ҳам мушкилтар мекунад, худдорӣ намоянд. Ӯ гуфт, ҳоло намояндагони Тоҷикистон дар сатҳи ҳукумати кишвар барои ҳалли масъалаи пешомада музокира бо мақомоти Узбакистонро идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG