Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкили Тошканду Душанбе роҳи ҳал дорад?


Дар акс: Раҳбарони Тоҷикистону Узбакистон -- Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов

Дар акс: Раҳбарони Тоҷикистону Узбакистон -- Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов

Тоҷикистону Узбакистон агарчӣ ҳамсояи наздиканд, вале солҳо боз бо якдигар муносибати хуб надоранд.

Сохтмони Роғун, минакории марз, боздошти "ҷосус"-ҳо, роҳбандон, виза, қатъи интиқоли газ ва ҳифзи муҳити зист аз мушкили умдаи миёни ин ду ҳамсояи наздик аст.

Узбакистон бунёди нерӯгоҳи Роғунро, ки давлати Тоҷикистон онро "ҳаёту мамоти мардуми кишвар" медонад, барои кишварҳои поёноби минтақа хатар донистааст. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ киштзорҳои Узбакистон беоб хоҳанд монд. Ҳарчанд Тоҷикистон борҳо изҳор доштааст, ки нерӯгоҳ "обро намехӯрад" ва онҳо заминҳои кишти ҳамсояро низ ташналаб нахоҳанд гузошт.

Узбакистон дар се соли ахир роҳи оҳанашро ба рӯи қаторҳои Тоҷикистон низ баста ва дар посух ба шикояти ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки он мушкили фаннист. Душанбе ҳарчанд ин масоилро бо созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милал низ дар миён гузошт, вале посухи мусбате аз сӯи Узбакистон дарёфт накард.

Наворбардори "Озодӣ" аз раҳгузарони пойтахти Тоҷикистон пурсид, ки ба назари онҳо, бо кадом роҳ метавон муносибати Тоҷикистону Узбакистонро нармтар кард. Яке аз ин раҳгузарон гуфт, як қисми наздиконаш дар Узбакистон ба сар мебаранд ва онҳо бо мушкил ба хешу табори худ мерасанд.

Иддае дигар аз назардиҳандагон тоҷикону узбакҳоро "гӯшту нохун" донистаанд, ки ҳарчанд марзҳои симхорбандишуда онҳоро аз ҳам ҷудо мекунад, аммо ин ду халқ бо ҳам душмание надоранд. Баръакс, ба гуфтаи онҳо, мушкилро танҳо раҳбарони ду кишвар метавонанд ҳал кунанд.

Бархе дигар аз раҳгузарон пешниҳодҳои худро ин гуна баён доштанд:

  • Рафтуомади бештар бикунем;
  • Бояд раводид (виза) бардошта шавад;
  • Роҳбарон бо ҳамдигар сӯҳбат кунанд;
  • Роҳи ҳавоиро боз кунанд;
  • Бояд якдигарфаҳмӣ кунанд...

Ин навори видеоро бубинеду назари худро ҳам бинависед, ки чӣ гуна мешавад ба муносибати сарди Тоҷикистону Узбакистон нуқта гузошт?

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG