Пайвандҳои дастрасӣ

Баъд аз сӯхтори пурқурбонӣ дар бозори канораи Маскав, тафтиши ногаҳонии бозорҳои пойтахти Русия шурӯъ мешавад.

Сергей Аникеев, муовини раиси сарраёсати Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия пешниҳод кардааст, дар ҳамкорӣ бо полис ва хадамоти муҳоҷират бояд дар бозорҳои Маскав санҷишҳои ғайримунтазира барпо шаванд, то ки аз сӯхтор ва ҳузури муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҷилавгирӣ шавад.

Дар фоҷеаи рӯзи сешанбе, ки дар бозори Качалови хиёбони Варшава рух дод, 17 нафар ба ҳалокат расиданд. Аз рӯи иттилои пешакӣ, то ин лаҳзаҳо 11 ҷасад шиносоӣ шудааст. Бино ба иттилои тасдиқношуда, 10 нафари онҳо шаҳрванди Ӯзбакистон ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Ҳувияти дигар қурбониҳои ин сӯхтор ҳанӯз шиносоӣ нашудааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноии нақзи қоидаҳои зидди сӯхтор боз ва ду нафар аз масъулон – раиси бозор Владимир Ликов ва иҷорадиҳандаи сохтмони анбори сӯхта Седрак Степанян боздошт шудаанд.

Як намояндаи сохторҳои қудратии Русия ба хабаргузории "Интерфакс" гуфт, ки дасти кам чаҳор қурбонӣ аъзои як хонаводаи сокини Ӯзбакистон буданд. “Ҷавонтарини коргарҳо 20-21-сола ва калонтаринашон 39-сола буда метавонанд”, -- гуфтааст ин манбаъ.

Аз рӯи тахмини пешакии тафтишот, сӯхтор эҳтимолна аз оташ гирифтани дастгоҳҳои гармидиҳанда дар анборе, ки онро чун хобгоҳ ба иҷора медоданд, сар задааст. Умедбек, хабарнигори Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ дар Маскав, ки рӯзи сешанбе аз маҳалли сӯхтор дидан кард, мегӯяд, 30 нафаре, ки дар ошёнаи аввал ба сар мебурданд, бо сар задани оташ зуд сохтмонро холӣ кардаанд, вале баста будани танҳо дари ошёнаи дуюм сабаби он шуд, ки 17 нафар бидуни ягон шонси наҷот ҷон диҳанд: "Ман соатҳои 13:00 ба он ҷо расидам. Гурӯҳи сӯхторхомӯшкунӣ як тарафи сохтмони сӯхтаро канда гирифта, мурдаҳоро мебароварданд. Ҷасадҳоро ба мурдахонаи қисмати ҷанубуғарбии Маскав фиристоданд."

Мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, эҳтимолан аксари нафароне, ки ин анборро ба хобгоҳи худ табдил дода буданд, муҳоҷирони ғайриқонунӣ буданд. Ҳукумати Русия дар даҳ соли охир зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷанг эълон карда, дар баробари рух додани ҷинояте, дар баробари кордиҳанда, худи муҳоҷири кориро низ барои ҳузури бидуни санад ҷазо медиҳад.

Муҳоҷират ва кори қонунӣ дар Русия харҷ ва даводави бюрократӣ дорад ва бисёре аз муҳоҷирон маҷбур мешаванд, ки огоҳона дар шароити ғайриқонунӣ кору зиндагӣ кунанд. Маъмулан зимни рух додани ҷиноят ё фалокате бо муҳоҷирон дар Русия, дар хабарҳои матбуоти ин кишвар ба адами мурооти қоидоаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ таъкид мешавад ва дар ин қабил хабарҳо маъмулан роҷеъ ба шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд гуфта мешавад. Кор то ҷое расидааст, ки нашри хабарҳо оид ба ошкор шудани таҳхона, анбор ё гараже, ки дар он гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик зиндагӣ мекарданд, ба як клише ё қолабе дар матбуоти русӣ табдил шудааст.

Ба гуфтаи худи муҳоҷирон, чунин шароит на танҳо хоси тоҷикон аст ва шаҳрвандони кишварҳои дигар ҳам дар чунин ҳол ба сар мебаранд, зеро барои таҳияи тамоми санадҳои зарурӣ маблағи кофӣ надоранд. Дилбар Каримоваи тоҷикистонӣ панҷ соли пеш дар бозори Качалов зери дасти Седрак Степаняни имрӯз боздоштшуда кор кардааст. Вай гуфт, ки замони кораш ба унвони фаррошу тоҷири бозор, бо мусоидати кордиҳандааш иҷозатномаву сабти номи расмӣ дошт ва Степанян барои коргарон дар баробари маоши ҳармоҳа, ҳамарӯза ду дафъа дар рӯз хӯроки гарм медод: "Ҷои хобашон нағз буд, ҳоҷатхона, ҳаммом доштанд, мошинаи либосшӯиро ҳам соҳибашон ба онҳо овард, то ки сару либоси худро сари вақт шустушӯй кунанд. Вақте ман он ҷо кор мекардам, ҳеҷ кас дари анборро намебаст. Калид одатан дар дасти анборбон буд, раҳбар бегоҳӣ як ҳамаро назорат карда, баромада мерафт."

Айни замон, ба саволи ин ки чаро бисёр вақт муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону давлатҳои дигар розӣ мешаванд дар шароити номатлуб ба сар баранд, ӯ гуфт:"Баъзеҳо мегӯянд, ки шароити Тоҷикистон вазнин аст ва ин ҷо, ки омадӣ, ба хотири кор ва дар кӯча намондан, ба ҳама чӣ розӣ мешавӣ. Ҳатто агар 5 ҳазор рубл диҳад ҳам, розӣ мешавӣ. Аз сӯи дигар, милиса ҳар сари чанд вақт гаранг мекунад, 500 рубл ё 1000 рубл дода, ҷонатро халос мекунӣ, баъзеҳо сабти ном шудаанд, баъзеҳо – не. Масалан, барои чӣ намехоҳанд, ки худро қонунӣ кунанд? Пул надоранд. Масалан, иҷозаи кор то 20 ҳазор рубл нарх дорад, на ҳама инро мекунанд, чунки пули кам ба даст меоранд. Каси мефаҳмидагӣ – мекунад, намефаҳмидагӣ намекунад."

Коршиносон мегӯянд, ки ноумедиву ночорӣ аз набуди кору даромад бисёр шаҳрвандони Тоҷикистонро маҷбур мекунад, ки ба Русия рафта, ҳама гуна шароити зиндагиву корро ба хотири андак даромад таҳаммул кунанд. Гулчеҳра Одинаеваи тоҷикистониасл, сардабири нашрияи “Луховитские вести” дар Подмосковйе, ки худ 12 соли пеш ба Русия муҳоҷир шудааст, дар ин замина гуфт: "Он ҷавонҳое, ки ба Русия барои кор меоянд, дар кишвари худ нодаркор шудаанд, ҷои кор надоранд. Барои ҳамин ҳам, ба ҳама гуна шароити бад ва ғайрисанитарӣ таҳаммул карда, гоҳо ба таҳқиру пастзаниҳо чашм пӯшида, зиндагиву кор мекунанд. Чаро? Чунки дар ватанашон худро ёфта наметавонанд. Ҳарчанд ин чиз хоси мардуми тоҷики мо нест, вале ба хотири зану фарзандонашон омода ҳастанд, ки ҳама сахтиҳоро таҳаммул кунанд. Ҳамсабақони бисёри ман аз факултаи забону адабиёти руси донишгоҳи миллӣ ҳоло дар бозорҳои ин ҷо кор мекунанд. Баъзеашон ҳамагӣ 150 рубл дар рӯз мегиранд, вале мегӯянд, ки розиянд ва аз Русия миннатдоранд."

Хонум Одинаева набуди як сиёсати корсози давлатиро дар заминаи муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия интиқод кард, ки агар ҳам тамоми мардумро бо кор таъмин карда нашавад, ҳадди ақал барои шароити беҳтари маишиву ҳуқуқии онҳо дар хориҷ аз Тоҷикистон талош намекунад:"Ифтихори миллӣ ин нест, ки баландтарин парчам дар ҷаҳон гузошта шаваду дар китоби рекордҳои Гиннес исми ин кишвар навишта шавад. Ифтихори миллӣ он вақт буда метавонад, ки аксари мардум дар ватанаш ҷои кор дошта бошаду як бурда нони худро дар пеши чашми фарзандонашон пайдо кунанд."

Айни замон, ҳодисаи охири ҳалокати фоҷеабори коргарони муҳоҷир дар бозори Маскав танқидҳоеро дар доираи фаъолони ҳуқуқи инсон дар заминаи адами шароити муносиби кору зиндагӣ барои муҳоҷирони корӣ дар Русия ба бор овардааст. Яке аз онҳо гуфт: “Ман аз кишвари худ шарм медорам, ки нисбати мардуме, ки барои мо кор мекунад, танҳо аз назари манфиат муносибат мекунад.”

Муаллифи ин суханҳо -- ҳомии ҳуқуқ Лидия Графова мегӯяд, Русия бояд дарк кунад, ки рӯзаш бе муҳоҷирон намегузарад. Вай мегӯяд, ҳалли масъалаи истиқомати қонунии муҳоҷирон душвор нест ва бояд ширкатҳои соҳибкорӣ вазифадор шаванд, ки барои коргарон дар назди маҳалли кор хонаҳои муваққатӣ бисозанд. “Бе муҳоҷирон мо дар чирки худ ғарқ мешавем”, мегӯяд ӯ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG