Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони ҷавонону донишҷӯёни тоҷик дар Санкт-Петербург мехоҳад аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар ин шаҳр ҳимоят кунад.

Дар Хонаи миллатҳои шаҳри Санкт Петербург созмони ҷавонони муҳоҷир ва донишҷӯёни тоҷик ҳамоише баргузор кард ва дар он намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ин шаҳр ширкат доштанд. Ширкаткунандагон изҳори нигаронӣ карданд, ки муҳоҷирони тоҷик дар ин шаҳр зуд-зуд мавриди ҳамла қарор мегиранд, корфармоён ҳуқуқи онҳоро риоят намекунанд ва барои фаъолияти ғайриқонунӣ на бар зидди корфармо, балки бар зидди муҳоҷир парванда боз мешавад.

Бахтиёр Расулов

Бахтиёр Расулов

Куштори ваҳшиёнаи Бахтиёр Расулов-шаҳрванди ҷавони Тоҷикистон дар миёнаи моҳи ноябри соли гузашта дар ин шаҳр, ки аз тарафи афроди гӯё номаълум сар бурида шуд ва сипас ҷасади вайро як ҷо бо мошинаш оташ заданд, тамоми ҷомеаи муттамаддинро такон дода буд.

Дар мусоҳибае бо барномаи мо Фаррух Сатторов-раиси ҷамъияти ҷавонону донишҷӯёни тоҷик аз шаҳри Санкт-Петербург гуфт, сабаби ҳамоиш аслан ҷустуҷӯи роҳи ҳали мушкилотест, ки муҳоҷирони тоҷик бо он ҳамеша рӯ ба рӯ ҳастанд ва онҳоро ба изтироб меорад:

Сатторов: Мо бояд чанд масъаларо ҳал мекардем. Ин масъалаҳо бо мушкилоте вобаста аст, ки бо шаҳрвандони мо дар ин ҷо пеш меояд, яъне чунин мушкилотро аз чӣ роҳе ва бо кӣ метавонем ҳал кунем.

Суол: Масалан, шумо чӣ мушкилиҳоро дар назар доред?

Сатторов: Пеш аз ҳама ин мушкилиҳо бо ҳуҷҷатгузории расмӣ иртибот дорад. Шаҳрванди Тоҷикистон ба Санкт-Петербург меояд ва намедонад, ки барои гирифтани ҳуҷҷати расмӣ ба куҷо муроҷиат кунад. Бисёр миёнаравҳое ҳастанд, ки онҳоро фиреб мекунанд. Чӣ бояд кард, ки чунин муҳоҷирон ба доми фиребгарон надароянд.

Суол: Вақтҳои ахир хабарҳое низ ба чашм мерасад, ки шаҳрвандони худи Тоҷикистон муҳоҷирини кории тоҷикро фиреб медиҳанд. Онҳо гӯё миёнаравӣ мекунанд ва мехоҳанд пули муфт ба даст оранд. Оё ҷамъиятҳо ё созмони шумо барои пешгирӣ кардан аз чунин падидаҳои номатлуб ҳам коре пеш мебарад?

Фаррух Сатторов

Фаррух Сатторов

Сатторов: Бале дар ин бора ҳам баҳсҳо буд. Ин падида як ё дуто нест, намунаҳо воқеан ҳам зиёд аст. Шаҳрвандони худи мо миёнарав шуда, муҳоҷиронро фиреб карда, ба роҳи каҷ бурда, онҳоро дар хатар мегузоранд. Барои ҳамин мо тасмим гирифтем, ки як рӯзномае таъсис диҳем ва ин мушкилиҳоро дар он ҷо чоп кунем. Тамоми воқеаҳое, ки бо муҳоҷирони мо дар шаҳри Санкт-Петербург рух медиҳад, бояд дар он ҷо чоп шавад. Тибқи пешниҳод одамоне, ки аз дасти шаҳрвандони худӣ ё бегонагон фиреб хӯрдаанд, бояд ба яке аз чаҳор ҷамъияти тоҷикон муроҷиат кунанд. Ғайр аз ин созмони ҷавонони мо пешниҳод кард, ки ҳамин ҳафта як сомонаи худро ба кор дарорем ва дар ин сомона тамоми чунин хабарҳоро пахш кунем, то одамоне, ки ба интернет дастрасӣ доранд, аз чунин хабарҳо огаҳӣ пайдо кунанд.

Суол: Бубинед, муҳоҷирони оддии корӣ ё фиребгарон ба интернет дастрасӣ надоранд ё аз рӯзнома ҳам хабар надоранд. Фикр мекунед, ки ташкили интернет ё чопи рӯзнома барои пешгирӣ аз ин кор кифоят мекунад ё корҳои дигар ҳам бояд анҷом бигирад?

Сатторов: Албатта, корҳои дигар ҳам бояд анҷом бигирад. Пеш аз ҳама дар фурудгоҳҳо ва дар ҷойҳое, ки муҳоҷирон ҷамъ меоянд, аъзои ҷамъиятҳо бояд фаъол бошанд ва ба муҳоҷирон бояд бигӯянд, ки кадом мақомот расмианд ва чӣ тавр фаъолият мекунанд. Ин корҳоро бештар ҷавонон бар ӯҳда мегиранд, чунки ҷавонон бештар ба мулоқот ё истиқболи шаҳрвандон мебароянд. Рафту омади онҳо бо муҳоҷирони дигар ҳам бештар аст.

Суол: Ҷониби дигари мушкили муҳоҷирони кории тоҷик кордиҳандагони рус ҳастанд. Онҳо ба мукҳоҷирон қарордоди корӣ намедиҳанд ё ҳуҷҷатҳои дурӯғин дуруст мекунанд ва маоши онҳоро пардохт намекунанд. Оё ин масъала ҳам баррасӣ шуд ва бароии рафъи он чӣ тасмим гирифтед?


Сатторов: Чанд вақт пеш бо сардори раёсати хадамоти муҳоҷирати шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград бо хонум Дунаева мулоқот доштем ва ин масъаларо баррасӣ кардем. Ман гуфтам, ки мо дар телевизион мебинем, ки танҳо муҳоҷиронро сиёҳ мекунанд. Кай мо мебинем, ки шумо як ё дуто кордиҳандагони фиребгарро дастгир кардаед ё аз онҳо ҷарима ситонидаед? Кай дар ин самт фаъолияти шумо сар мешавад? Дунаева қавл дод, ки ин корҳоро оғоз мекунанд ва гуфт, ки шумо хоҳед дид, ки кадом кордиҳанда ё кадом ширкат муҳоҷирони кориро фиреб кардааст ва ба кадом миқдор онҳо ҷарима мешаванд. Ваъдаи сардори Хадамоти муҳоҷират чунин буд. Вале аз тарафи худи мо ҳам дар ин замина кор пеш бурда мешавад. Мо медонем, ки шаҳрвандони миёнарави фиребгари мо рӯзи маоши муҳоҷирони кориро медонанд. Онҳо дар ҳамон рӯз пайдо мешаванду мераванд ва бо зӯрӣ пули коркардаи муҳоҷиронро аз дасташон зада мегиранд. Дар бораи роҳҳои пешгирии ин мушкил низ дар ҳамоиш сӯҳбат кардем.

Суол: Ба ҳар ҳол дар давоми як соли гузашта аз таҷрибае, ки доред, дар зиндагӣ ва шароити кории муҳоҷирон беҳбудӣ мушоҳида мешавад?

Сатторов: Агар ба таври умумӣ бигирем, ҳоло ҳам мушкилҳо зиёданд ва беҳбудӣ на дар сатҳе, ки мо мехоҳем ба назар мерасад. Вале як беҳбудӣ ҳаст ва он ҳам ин аст, ки ҳоло муҳоҷирон бештар рӯзнома мехонанд ва барои худашон иттилоъ ҷустуҷӯ мекунанд. Ин хуб аст. Ғайр аз ин онҳо ба воситаи телефон ё бо ёрии шаҳрвандони мо ба ҷамъиятҳо хабарҳои заруриро мерасонанд. Ба ҳамин тариқ онҳо дараҷаи огаҳии худро низ боло мебаранд. Беҳбудии вақтҳои охир ҳамин аст. Барои додани иттилои бештар мо ҳам як маҷаллае ба чоп расондем, 6 000 нусха. Дар он ҷо машваратҳои зарурӣ пешкаш шудааст. Маҷалла ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ба нашр расид ва онро донишҷӯёни тоҷики муқими Санкт-Петербург ба чоп таҳия мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG