Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аунг Сан Су Чӣ узви порлумон интихоб мешавад


Раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии Бирма, ки яке аз озодтарин интихобот дар чанд соли охир номида мешавад, идома дорад. Интизор меравад, дар он нахустин бор раҳбари оппозисюн Аунг Сан Су Чӣ вакили порлумон интихоб хоҳад шуд. Интихобот пас аз чанд моҳи оғози ислоҳоти сиёсӣ аз тарафи ҳокимони ҳарбии Бирма баргузор шуд, то даҳҳо ҷои холӣ дар порлумонро, ки 664 вакил дорад, пур кунад. Аммо он таносуби нерӯҳоро дар кишваре, ки аз тарафи ҳарбиёни бознишаста сарварӣ мешавад, тағйир нахоҳад дод. Вале раҳбари 66-солаи мухолифон, ки дар интихоботи солҳои 1990 ва 2010 дар ҳабси хонагӣ ба сар мебурд, мегӯяд, ширкати ӯ дар ин корзор таваҷҷӯҳи мардумро ба сиёсат афзоиш хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG