Пайвандҳои дастрасӣ

Мулло Крекар ба 5 соли зиндон маҳкум шуд


Як додгоҳе дар Норвегия, рӯҳонии ироқитабор Мулло Крекарро ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Мулло Крекар, ки номи аслиаш Наҷмиддин Фараҷ Аҳмад аст, ба яке аз вазирони собиқи Норвегия таҳдид кардааст, ки ӯро мекушад. Ӯ ҳамчунин муассиси гурӯҳи тундрави Ансор ул-Ислом дар Курдистони Ироқ аст, аммо мегӯяд, соли 2002 аз раҳбарии ин гурӯҳ даст кашид ва ҳеҷ иртиботе бо Ал-Қоида надорад. Ансор-ул-Исломро Созмони Милал ва Амрико созмони террористӣ медонанд. Мулло Крекар, аз соли 1991 дар Норвегия паноҳанда аст.
XS
SM
MD
LG