Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Обама аз Назарбоев барои амнияти ҳастаӣ


Обама ва Назарбоев
Обама ва Назарбоев
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон ситоиш кард, ки барои таъмини амнияти маводи ҳастаӣ тадобире анҷом медиҳад. Назарбоев ва Обама рӯзи душанбе дар ҳошияи мулоқоти раҳбарон роҷеъ ба амнияти ҳастаии байналмиллалӣ дар Сеул-пойтахти Кореяи Ҷанубӣ бо ҳам дидор ва гуфтугӯ карданд. Мақомоти расмии Қазоқистон мегӯянд, ки онҳо бо кӯмаки Амрико амнияти 13 тонна урани ғанишуда ва плутониумро, ки аз давраи Шӯравӣ мерос монда буд, “таъмин кардаанд”. Обама рӯзи душанбе дар Сеул дар суханронии худ аз Қазоқистону Украина ва кишварҳои дигар, ки маводи ҳастаии худро ба ҷойҳои амн интиқол додаанд, ситоиш кард. Обама ёдоварӣ кард, ки дар саросари ҷаҳон ҳазорон кило маводи ҳастаӣ аз ҷойҳои осебпазир интиқол дода шудааст, то имкони дастрасии террористҳо ба он ва кишварҳое, ки дар фикри густариши аслиҳаи ҳастаии худ ҳастанд, аз байн равад.
XS
SM
MD
LG