Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Русия депортатсия шудӣ? Фурудгоҳ нарав!


Дар фурудгоҳи Душанбе системаи нави электронӣ васл шуд, ки дар ҳудуди 10-20 сония ҳуввияти парвозкунанда ба Русияро муайян карда иттилоъ медиҳад, ки ин нафар оё ҳаққи парвоз ба он кишварро дорад, ё на.

Фаррух Назаров ва Наим Алиматов шиносномаҳои худро ба кормандони ин система пешниҳод карданд ва пас чанд лаҳза посухи дастгоҳи электронӣ ба ин ду нафар расид: "Ваша имя по русский тоже Фаррух? Да, да. Выезд запрешен."

Яке аз онҳо гуфт, "бародарам роҳро дар рӯшании чароғаки сурх дар Маскав убур кард ва ГАИ протокол карда буд. Барои ҳамин иҷозати ба Русия рафтан надорад. Худи ман барои тамдид накардани иҷозати иқомат ҷарима шуда будам."

Ба гуфтаи Наим Алиматов, ки вурудаш ба Русия манъ аст, агар барои вайрон кардани қоидаи роҳгузарӣ ва ё тамдид накардани қайди иқомат ва ғайра роҳ ба Русия баста шавад, дар он сурат дар як соли оянда имкон дорад 70%-и муҳоҷирони корӣ аз рафтан ба Русия маҳрум шаванд. Зеро пулиси Русия дар ҳар қадам бо баҳонае муҳоҷири тоҷикро ҷарима мекунад.

Сафиаллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон
Сафиаллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон
Аммо Сафиаллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ин системаро беҳтарин иқдом ва ба нафъи муҳоҷирони корӣ хонд ва гуфт: "Ин система ба муҳоҷирони корӣ пеш аз сафар варақаи муҳоҷират медиҳад, ки пеш бо азобу машаққат муҳоҷири корӣ онро дарёфт мекард. Ҳадафи дигари ин система, муайян кардани он шахсонест, ки аз Русия депорт шудаанд ва ё дар Русия қонуншиканӣ кардаанд. Шахсоне, ки иҷозати вуруд ба Русияро дарёфт намекунанд, аз харҷи иловагӣ эмин мемонанд."

Ин системаи электроникӣ ба шабакаи Хадамоти муҳоҷиратии Русия, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ин кишвар васл аст. Агар ин система иҷозати сафар ба Русияро бидиҳад, ҳамзамон муҳоҷири корӣ варақаи муҳоҷиратро низ дарёфт мекунад. Нафаре, ки билет дораду иҷозати вуруд ба Русияро дарёфт накардааст, пули билеташ аз сӯи ширкатҳои ҳавопаймои сад дарсад баргардонида мешавад.

Рустам Холиқов, директори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфт, фурудгоҳ дар ин бора бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ тавофуқ ҳосил кардааст: "Дар ин бора маслиҳат шудааст, 100 дарсади пули билет баргардонида мешавад. Кори хуб аст ва мусофир зарар намебинад."

Ба гуфтаи таҳлилгарон, роҳандозии ин система бештар ба нафъи Хадамоти муҳоҷирати Русия аст, ки аз ин ба баъд барои ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон пул масраф намекунад. Зеро афроди ҷурми андак дошта дар Русия наметавонанд дубора вориди ин кишвар шаванд ва дар оянда шояд теъдоди муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ба маротиб коҳиш ёбад.
XS
SM
MD
LG