Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонии нақлиёти Тоҷикистон мизони шикояти мусофирон дар заминаи дермонии бору бағоҷ дар фурудгоҳҳоро 775 адад хондааст.

Тибқи гузориши ин додситонӣ, бештарин маворид ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рабт дорад ва мизони шикояти мусофирон дар заминаи дермонии бору бағоҷ дар ин фурудгоҳ ба 570 адад мерасад.

ШИКОЯТИ МУСОФИРОН

Бо он, ки масъулони фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе бору бағоҷ ва мавориди гум шудани бағоҷи мусофиронро таъйид мекунанд, аммо мегӯянд ин рақам ба ҳадде нест, ки аз сӯи додситонии нақлиётӣ эълом шудааст

Салима, як тан сокини шаҳри Душанбе аз шеваи хадамоти фурудгоҳ дар заминаи дастрас кардани бағоҷаш изҳори нигаронӣ карда мегӯяд: «ман албатта аз хадамоти ҳавопаймо истифода мекунам. Ҳарчанд мушкилот аст. Зеро охирон маротибае, ки аз Теҳрон ба Душанбе омадам, чун пештара вақти зиёди ман дар гирифтани бағоҷ ва регистратсия сипарӣ шуд. Аз як соат то ду -се соат интизор шудем. Билохира пас аз интизориҳои зиёд борамонро гирифтем.»

Ба гуфтаи вай, ин бори аввал нест, ки чунин ҳолате барои ӯ рух медиҳад. Зеро дар гузашта низ чунин маворидеро рӯ ба рӯ шудааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран додситонии нақлиёти Тоҷикистон ба манзури ҳолати иҷроиши қавонин ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, мавзӯи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои мусофирон дар мавриди ҳифзи бору бағоҷи онҳоро ба баррасӣ гирифта ва камбудиҳоеро низ ошкор кардааст. Ин аст, ки ба иттилои масъулони додситонии нақлиёти Тоҷикистон, вобаста ба ҳолатҳои дер омадани бору бағоҷ ба фурудгоҳҳо, аз сӯи мусофирон беш аз 775 шикоят ба ин ниҳод ворид шудааст.

ТАЪХИРИ БОРҲО ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ


Таҳлилҳо низ нишон медиҳанд, ки бештарини ин муроҷиату шикоятҳо дар ин замина, яъне 570 адад ба фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ва бақия ба фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд -90, Кӯлоб - 30 ва Қурғонтеппа - 12 ҳолат марбут аст. Дар ин росто масъулони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳолати дермонии бору бағоҷи мусофирон ва мавориди гум шудани онро таъйид мекунанд, аммо мегӯянд ин рақам ба ҳадде нест, ки аз сӯи додситонии нақлиётӣ эълом шудааст.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар сӯҳбат бо РО гуфт: «таъмини амнияти бору бағоҷи мусофирон барои фурудгоҳи байналмилалӣ масъалаи асосӣ аст ва ин амр таъмин ҳам мешавад. Аммо он чӣ ба ин масъала рабт дорад, ҷамъбасти семоҳа нишон дод, ки ба ин ҳад, яъне 570 ҳолат набуд. Албатта чунин ҳолатҳои дер омадан ва гум шудан ба назар мерасад, вале чанд ҳолате, ки буд ингуна мояи изтироб нест. Зеро он бору бағоҷе, ки гум шуда буданд ёфта ва ба соҳибонашон баргардона дода шуданд. Ба ин далел ҳолатҳои пурра гум шудани бор ба назар намерасид.»

Ба таъкиди ҷаноби Шодиев, ҳолатҳои дермонии бору бағоҷ ва ё гум шудани он бештар ба ҳангоми парвози ҳавопаймо аз Туркия ба Душанбе, Дубай-Душанбе ва ҳамчунин Шарҷа-Душанбе ба мушоҳида мерасад.

Сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иллати ин амрро чунин шарҳ дод: «тавре маълум аст, бисёри тоҷирони мо бо ин самтҳо парвоз мекунанд ва бори зиёд ҳам доранд. Вақте бори зиёд доранд ва аз меъёр, ки зиёд шуд албатта овардани он ба рӯзи дигар мемонад. Ин гуна ҳолатҳо аст, вале дар ҳар сурат, ин хел нашудааст, ки бори мусофир гум шуда бошад. Агар Амрико ҳам равад боз гашта меояд. Ман инро бо боварӣ мегӯям.»

МУСОФИРОН МУНТАЗИР МЕМОНАНД

Ин дар ҳолест, ки бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ, мусофирон набояд муддати тӯлонӣ мунтазири дарёфти бору бағоҷи худ шаванд. Ҳамон гуна, ки дар фурудгоҳҳои дигар аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки бо фуруд омадани ҳавопаймо мусофирон имкон доранд сареъан бору бағоҷи худро дарёфт кунанд ва сафарашонро идома диҳанд. Аммо ба гуфтаи бештари мусофирон, дар фурудгоҳи Душанбе ин вақт аз як соат ҳам убур мекунад.

Аммо таҳлилгарони соҳа ва масъулони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иллати аслии мушкилот дар заминаи хадамоти бору бағоҷ ва дигар хадамотро ба тангии маҳалли сабти номи мусофирон ва макони дарёфти бору бағоҷ арзёбӣ мекунанд.

ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ МУТОБИҚИ МЕЪЁРҲОИ ҶАҲОНӢ НЕСТ


Абуносир Шарифзода, таҳлилгари тоҷик дар ин бора мегӯяд: «аслан фурудгоҳи Душанбе меросе аз даврони шӯравӣ аст, ки мутобиқ ба мавозини байналмилалӣ нест. Чун на танҳо бинои сабти мусофирон, ҳатто толори гирифтани бағоҷ низ танг аст. Вақте чанд ҳавопаймо дар фурудгоҳ менишинанд, мусофирон ба ҳангоми берун шудан ба мушкилӣ дучор мешаванд. Борашонро сари вақт гирифта наметавонанд. Ба ин далел ҳукуматро лозим аст, ки фурудгоҳро таҷдид кунад ва шароити мувофиқеро фароҳам созад.»

Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди ҷаноби Шарифзода фурудгоҳи байналмилалии Душанбе «дарвоза» -и пойтахти Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва бояд дар қадами аввал ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шавад.

ФАРОНСАВИҲО "ТАЪХИР" МЕКУНАНД

Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи Душанбе низ ба ин нукта таъкид дорад ва мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе дар як соат танҳо 100 нафар имкони убурро доранд, ки албатта мушкилотеро дар заминаи сабти ном, дарёфти бору бағоч ва ғайра ба бор меорад. Пас дар ин сурат оё дар ояндаи наздик мушкилоти мавҷуд дар фурудгоҳи байналмилалӣ рафъ хоҳад шуд ё хайр?.

Масъулони фурудгоҳи Душанбе роҳи ягонаро дар бунёди терминали нави байналмилалии фурудгоҳ мебинанд, ки барои 500 нафар дар як соат дар назар гирифта шудааст. Аммо ин дар ҳолест, ки корҳои сохтмонӣ дар ин терминал, ки бояд тавассути ширкатҳои фаронсавӣ бунёд гардад ба тӯл меанҷомад. Ба ин далел гумон аст, ки фурудгоҳи шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик шоҳиди хадамоти мудерни терминали нав барои 500 нафар шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG