Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чиптаҳои "камаршикан"-и ҳавопаймо ва ночории муҳоҷирон


Фурудгоҳи шаҳри Душанбе
Фурудгоҳи шаҳри Душанбе

Аксар муштариёни хатсайрҳои ҳавоии Тоҷикистонро гаронии нархи парвоз ба кишварҳои дигар нигарон кардааст.

Ҷамолиддин, яке аз муҳоҷирони корӣ, ки озими шаҳри Маскав мегӯяд, дар харидани билет интихоб дар нарх вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, "тақрибан ба 1000 сомонӣ билет харидам. Бо пули қарз харидам. Нархҳо рӯз ба рӯз қимат мешаванд. Аммо мо маҷбурем ва бояд равем."

Соҳибёр, муҳоҷире, ки ҳамасола ба Русия рафта меояд, мегӯяд, ӯ бо қимати роҳкирои дигар кишварҳои ҳамсоя ошно аст, аммо маҳз дар Тоҷикистон он аз ҳама баланд аст. Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, "намефаҳмам, ки чаро ин қадар қимати билетҳои Тоҷикистон баланд аст? Қирғизҳо арзон, узбакҳо арзон, ҳатто аз Шарқи Дур ба Маскав меоянд, арзон аст. Аз моро нафаҳмидам."

Зимнан, тибқи иттилои расонаҳо, қимати билет ба Русия ва ҳамчунин дигар кишварҳои хориҷӣ дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон хеле арзон аст. Аз ҷумла, агар сафари Маскав барои шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳудуди 17 ҳазор рубли русӣ тамом шавад, барои сокини Қирғизистон ин рақам 8 ҳазор рубл аст. Ё аз Узбакистон ба Аврупо як шаҳрванди ин кишвар ба ҳудуди 500 доллар рафта меояд, аммо роҳкирои рафту омад барои шаҳрванди Тоҷикистон ба беш аз 1000 доллар тамом мешавад.

Ширкатҳои ҳавонавардӣ ин қиматиҳоро ба боло будани нархи сӯзишворӣ рабт медиҳанд. Ба ҷуз ин, тибқи иттилои "Сомон Эйр", дар ҳоли ҳозир қимати хадамот дар фурудгоҳ сари ҳар тон 18 доллар, 10 дарсад ҳаққи хадамоти амниятӣ, 20 дарсад барои парвози шабона, барои нардбон, кашидани ҳавопаймо, мошини одамкаши фурудгоҳ ва ҳаққи навигатсия ҳам пардохт шуда, барои ба расмият даровардани мусофирон ба ҳар нафар 27 доллар, ҳар навбати истифодаи фурудгоҳ 978 доллар ва толораш 850 доллар харҷ мешавад.

Ҳамчунин, аз ҳар мусофир 15 доллар барои истифодаи терминал гирифта мешавад. Дар натиҷа ҳоло чипта ба Маскав 185 ва аз он ҷо 360 евро қимат дорад. Бино ба гуфтаи масъулин ба расонаҳо, ин фарқияти нарх аз он аст, ки дар мавсими зимистон аз он тараф ва баҳорон аз ин тараф мусофирон - мизоҷони ширкатҳо, бахусус аз ҷумлаи муҳоҷирин бештар мешаванд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар бозори ҳавонавардии Тоҷикистон ҳудуди 20 ширкати дохиливу хориҷӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин 3 ширкат - "Тоҷик Эйр", "Сомон Эйр" ва "Ист Эйр" маҳаллианд. Аммо қимати роҳкирои ҳамаи онҳо як будааст.

Ҳамдам Тағоймуродов
Ҳамдам Тағоймуродов
Аз Ҳамдам Тағоймуродов, раиси Хадамоти зиддиинҳисории рушди рақобат ва фаъолияти инҳисории Оҷонси зиддинҳисори Тоҷикистон мепурсем, ки чаро вазъ чунин аст? Оқои Тағоймуродов гуфт, дар Тоҷикистон воқеан қимати сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо гарон аст, бар иловаи ин, парвозҳои дохилии ягон ширкати ватанӣ фоидаовар нест. Вай илова кард, ки назорати қимати билетҳо ҳам барои хадамоти ӯ мушкил аст: "Зеро нархҳо зуд-зуд тағйир меёбанд. То ин ки ба мо пешниҳод мекунанд ва мо нархгузории онҳоро меомӯзем, боз дар бозор тағйирот ба вуҷуд меоянд. Аммо гоҳо мешавад, ки ширкатҳо аз ҳамчунин вазъ истифода мекунанд ва худ нарх мегузоранд, ки мо онҳоро барои ин кор ҷарима мекунем."

Аммо дар посух ба ин суол, ки "агар вазъ бар зарари кисаи мардуми оддии Тоҷикистон тамом шавад, оё имкони ба бозор роҳ додани ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ нест?", оқои Тағоймуродов гуфт, қонунгузории Тоҷикистон ба вуруди ширкатҳои хориҷӣ мухолифат намекунад ва бақия ба салоҳияти вазорати нақлиёт ва коммуникатсия аст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, барои муайян кардани воқеияти қимати билетҳои Тоҷикистон дар хатсайрҳои ҳавоӣ, то ба ҳол посухи рӯшан намешавад дарёфт кард.

Олга Тутубалина
Олга Тутубалина
Олга Тутубалина, хабарнигоре, ки бо сарварони ширкатҳои "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" сӯҳбат кардааст, мегӯяд, онҳо ҳамеша мехоҳанд бо омори худ ин ҳамаро асоснок кунанд, аммо мантиқи ин омор ба зудӣ ба лангидан медарояд. Ӯ гуфт, "сарварони ширкатҳо ҳамеша аз гаронии сӯзишворӣ сӯҳбат мекунанд. Ман ба ин розиам. Аммо қимати билетҳо то боло бурдани боҷи гумрукӣ барои сӯзишворӣ ҳам баланд буд. Он замон сӯзишворӣ арзон буд, аммо нархҳо қимат буданд, ҳоло ҳам вазъ чунин аст. Он замон дар Тоҷикистон ҳам қимати сӯзишворӣ як буд, дар Қирғизистон ҳам. Ба назарам, гап дар сӯзишворӣ нест. Гап дар муҳоҷирин аст, ки ширкатҳо мехоҳанд аз ҳисоби онҳо хароҷоти худро бароранд. Зеро фақат муҳоҷиринанд, ки маҷбуранд парвоз кунанд."

Коршиносон мегӯянд, мушкили аслӣ дар қиматии билетҳо, ҳамоно таҳти назорати ширкатҳои дохилӣ будани бозор аст, ки намегузоранд ширкатҳои бонуфузтари хориҷӣ ворид шаванд ва мушкили мардумро осон кунанд.
XS
SM
MD
LG