Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти нави хунрезӣ дар шаҳри Тулузи Фаронса


Пулиси Фаронса мегӯяд, дар хунрезии рӯзи душанбе дар назди мактаби яҳудиён дар шаҳри Тулуз ва қатли се сарбоз дар ҳафтаи гузашта як силоҳ истифода шудааст. Рӯзи душанбе як фарди мусаллаҳ се кӯдак ва як марди калонсолро дар ин шаҳр кушт. Никола Саркозӣ ин ҳодисаро “фоҷиаи миллӣ” хонд. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ин хунрезиро “қатли нафратовар” хонд. Хосе Мануел Барросо низ онро ҷинояти зиште номид. Кишварҳои аврупоӣ, Ватикан, Амрико ин ҳамларо маҳкум карданд. Ба нишони ҳамраъйии миллӣ маъракаи интихоботӣ дар Фаронсаро ба ҳоли таълиқ даровардаанд.
XS
SM
MD
LG