Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳоҷир аз Узбакистон бо иттиҳоми ситезаҷӯӣ боздошт шуд


Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як муҳоҷири дигари узбакистонӣ бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ситезаҷӯи исломӣ ва таҳияи тарҳи сарнагунии ҳукумати Узбакистон боздошт шуд. Полис мегӯяд, Бахтиёр Ҷумъаев, ки дар шаҳри Филаделфия боздошт шуд, узви Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ ва аз дӯстони наздики Ҷамшед Мухторов аст, ки бо иттиҳоми ҳамсон дар аввали сол дар Чикаго зиндонӣ гашт. Дар ҳоли исботи ҷурм Ҷумъаев метавонад ба 15 соли ҳабс маҳкум шавад.
XS
SM
MD
LG