Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як талоши интихоби раисиҷумҳур дар Молдавия


Имрӯз дар парлумони Молдавия боз як талоши интихоби раисиҷумҳур доир мешавад. Номзади ягона – додрас Николай Тимофти аз сӯи Эътилофи ҳокими “Барои ҳамоиш бо Аврупо” пешбарӣ шудааст. Ва аммо ба Эътилоф барои пирӯзии номзадашон ду раъй намерасад ва чашми ҳама сӯи се вакили аз ҳизби коммунист ҷудошуда аст, ки онҳо аз номзадии Тимофтӣ пуштибонӣ мекунанд ё на.

Ҳизби коммунист парлумони Молдавияро ғайриқонунӣ мехонад, зеро як сол боз ба интихоби раисиҷумҳур муваффақ нашудаааст. 39 вакил аз ҳизби коммунист нишастҳои парлумонро таҳрим кардаанд.
XS
SM
MD
LG