Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Белгияву Ҳуланд мотам доранд


Дар Белгия дар робита ба ҳалокати 28 нафар, аз ҷумла, 22 кӯдак дар як сонеҳаи автомобилӣ дар Швейсария, рӯзи мотами миллӣ эълон хоҳад шуд.

Нахуствазири Белгия Элио Ди Рупо дар изҳороте гуфт, ки "бо назардошти миқёс ва ғайримуқаррарӣ будани фоҷиа ва ҳамчунин эҳсосоте, ки он ба миён овард, ҳукумат тасмим гирифт, ки Рӯзи мотами миллӣ эълон кунад".

Дирӯз ҳукумати Швейсария ба хотири қурбониёни сонеҳаи автомобилӣ мотами миллӣ эълон шуда буд.

Автобус бо беш аз 50 мусофир, ки аксари онҳо кӯдакон буданд ва аз сайёҳат аз фароғатгоҳи зимистона бармегаштанд, дар як нақб дар Швейсария ба девор бархӯрд. Айни ҳол 24 нафари маҷрӯҳшуда дар бемористонанд, вазъи се кӯдаки дигар сангин арзёбӣ мешавад. Дар ин ҳодиса кӯдакон аз Ҳуланд, Олмон ва Лаҳистон ҳам осеб дидаанд. Ҳарду ронандаи автобус ҷон бохтанд.

Сабабҳои рӯх додани фоҷиа тафтиш мешавад.
XS
SM
MD
LG