Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи барқ боз 20 дарсад боло хоҳад рафт


Ширкати «Барқи Тоҷик» эълон кард, ки аз 1 апрел қимати нирӯи барқро 20 дарсад боло хоҳад бурд. Ба ин тартиб, қимати 1 киловатт нирӯи барқ барои аҳолӣ аз 9 дирами феълӣ ба 11 дирам мерасад. Мақомоти ин ширкат гуфтаанд, афзоиши нарх бо тавсияи Бонки ҷаҳонист, ки ҳар сол то 40 дарсад боло бурдани қимати барқ барои аҳолӣ ва корхонаҳоро ба ҳукумати Тоҷикистон машварат медиҳад. Ин дар ҳолест, ки аз моҳи октябр ба ин сӯ дар Тоҷикистон режими шадиди тавзеъи нирӯи барқ ҷорӣ шуда, дар рустоҳо ба мардум дар шабонарӯз ҳамагӣ то 5 соат барқ медиҳанд.
XS
SM
MD
LG