Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қудратҳои ҷаҳонӣ аз гуфтушунид бо Эрон натиҷа мехоҳанд


Қудратҳои ҷаҳонӣ мегӯянд, гуфтушуниди оянда бо Эрон сари барномаи ҳастаии ҷумҳурии исломӣ бояд “ҷиддӣ” ва бидуни пешшарт буда, “натиҷаҳои мушаххас” ба бор орад. Дар изҳороти муштараки Иёлоти Муттаҳида, Чин, Русия, Фаронса, Бритониё ва Олмон, ки рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи Шӯрои Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ нашр шуд, ҳамчунин аз Теҳрон даъват шудааст, ба бозрасони ҳастаӣ иҷозаи боздид аз пойгоҳи ҳарбии Парчинро диҳад. Ахиран мақомоти эронӣ ба бозрасон иҷозаи вуруд ба ин пойгоҳро надоданд.
XS
SM
MD
LG