Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занҳо бо ҷавоҳирот зебоянд?


Ҳамаи занҳо зебоянд, вале аксари онҳо мутмаинанд, ки ҷавоҳирот ба зебоии занҳо хоҳад афзуд.

Бархе бар ин боваранд, ки занҳои бо ҷавоҳирот дар чашми мардум зеботару мағруртар ҷилва медиҳанд. Вале бархеи дигар, аз ҷумла худи занҳои ошиқи ҷавоҳирот мегӯянд, зебоии зан бештар дар ахлоқу ботин ва осоиши хонаводагии онҳост.

Чаро занҳо ошиқи ҷавоҳирот, гӯшвору ҳалқа ва дастпонаву ангуштарӣ ва гарданбандҳои заррину алмосиянд? Наворбардори "Озодӣ" посухи ин суолро аз раҳгузарони хиёбонҳои шаҳри Душанбе пурсид.

Ҳамсӯҳбатони мо, ки ҳама занҳову духтарон буда, аксарият ҷавоҳире дар гӯшу гардан ё дасту панҷа доштанд, ба ин боваранд, ки агар аз ин ҷавоҳир чизе бо худ доранд, миёни дигарон худро зеботар эҳсос мекунанд. Чанд нафар аз ин занону духтарон низ гуфтанд, ки ҷавоҳирот ба саломатии инсонҳо муфид аст ва аз ин рӯ бо худ ҷавоҳирот мегиранд.

Гурӯҳи дигаре ҳам мегуфтанд, ки оро додан бо ҷавоҳирот мерос аз гузаштагон аст, ки дар баробари либосҳои фохира ба ҳусни занҳо зебоии бештар меафзояд. Вале гурӯҳе ҷавоҳиротро барои он мегиранд, ки пулашон харҷ наашвад ва дар лаҳзаҳои мушкили зиндагӣ онро фурӯхтаву мушкилашонро ҳал кунанд.

Вале боз барои чӣ занҳо ошиқи ҷавоҳирот ҳастанд, аз ин навори видеоӣ бубинед. Лутфан, назари худро ҳам бинависед, ки ба фикри Шумо, чаро аксари занҳо шефтаи ҷавоҳиротанд?

Занҳо бо ҷавоҳирот зебоянд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG