Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зан, ки талоқ гирифт, дар кӯча бимонад?


Зимни вазъи нигаронкунанда Кумитаи занони Тоҷикистон хостори ислоҳу тағйири қонунҳои марбут ба издивоҷу талоқ ва оила шудааст.

Ин кумита бо нигаронӣ аз афзоиши мавридҳои хушунату талоқ мегӯяд, ки қонунҳои феълӣ ҷавобгӯи воқеияти рӯз нестанд. Ба гуфтаи ин кумита, дар ҳоле, ки додгоҳ зани талоқшударо дубора дар хонаи шавҳар маскун мекунад, ҳеҷ як аз узви оила набояд ба ин қарори додгоҳ мухолифат кунад.

Аҳдия Аҳмадова, сокини 29-солаи пойтахт, ки маълумоти олӣ дорад, соли чаҳорум аст, ки бо ду фарзанди хурдсолаш дар
Дар як моҳ 80-100 зан бо ҳамин хел мушкилоташон ба назди мо меоянд. Бештари онҳо барои маскун шудан дар хонаи шавҳар, муқаррар кардани ҳаққи алименти кӯдаконашон меоянд...
хонаи дуҳуҷрагии волидонаш ба сар мебарад. Ӯ дар ҳоле ба хонаи падар баргашт, ки, дигар тоби пархошҳои модарарӯс ва шаттаҳои сангини шавҳарашро надошт. Шавҳараш, ки низ дар байни даъвоҳои ҳамсару модараш раҳгум зада буд, бо ваъдаи харидории як хона барои бачаҳояш Аҳдияро ба хонаи волидонаш фиристод.

«Маро бо фиреб шавҳарам оварда, дар хонаи очаам монд ва гуфт, ки бароят хона мехарам. Бо ҳамин рафта, аз мо пинҳонӣ зан гирифт ва ҳоло кӯдак дорад. Ман загсамро ҷудо накардаам. Лекин ба суд, кумитаи занон, боз чандин идораи дигар муроҷиат кардам, кореро барои ҳифзи ҳуқуқҳои ман анҷом надоданд.»

Мусоҳиби дигари мо, ки худро Озодамоҳ Каримова муаррифӣ кард, мегӯяд ӯро низ шавҳараш бо ду фарзанд аз хона берун кардааст. Додгоҳ боре ӯро ба хонаи шавҳар баргардонд. Аммо муносибатҳо рахнадор шуданд ва пайваст кардани онҳо дигар имкон надошт. Наздикони Озодамоҳ барои ҳимояти ҳаққи ӯву бачаҳояш талош доранд. Аммо Озодамоҳ ба муваффақияти ин талошҳо бовар надорад.

«Ман маълумот надорам. То синфи шаш мактаб хондагӣ ҳастам. Маро шавҳарам зада, аз хона пеш кард ва талоқамро дод. Маро суд бурда, дар хонаи шавҳарам шинонд, хушдоманам намонд, зиндагӣ кардан, боз ба хонаи падару модарам омадам. Ман намедонам боз чӣ кор кунам, ки ақаллан хона ҳам ба ман надиҳанд, барои фарзандонаш нафақапулӣ диҳад. Бисёр зиндагиамон душвар аст.»

Аҳдияву Озодамоҳ ва даҳҳо зани ҳамтақдири онҳо, ки дар пайи талоқ аз хонаву дар ва моликияти оилавӣ маҳрум шудаанд, баъди даводави зиёд ба идораҳои давлатӣ ба хулосае омаданд, ки ин ҳалқаи сарбаста ҷойе барои берун рафтан надорад. Зеро ҷавоне, ки бо ҳамсари худ дар хонаи волидон ба сар мебарад, на худ ва на ҳамсараш ба моликияти падару модар ҳақ надоранд. Ҳарчанд додгоҳҳо занҳои талоқшударо дубора ба хонаи шавҳарони собиқ бармегардонад, вале будубоши онҳо дар он ҷо дароз идома намекунад. Ҳеҷ ниҳоде назорат намекунад, ки оё баъд аз дубора дар хонаи шавҳари собиқ маскун шудани зан, аз сари ӯ чӣ мегузард. Додгоҳ қарор мебарорад, аммо механизми татбиқи он вуҷуд надорад.

Мукаррама Насруллоева, корманди Кумитаи занон дар бораи омилҳои афзоиши талоқу дар кӯча мондани занҳо чунин мегӯяд: «Масалан, дар як моҳ 80-100 зан бо ҳамин хел мушкилоташон ба назди мо меоянд. Бештари онҳо барои маскун шудан дар хонаи шавҳар, муқаррар кардани ҳаққи алименти кӯдаконашон меоянд. Рости гап, ҳамагӣ 15-20 дарсади ин парвандаҳо бо мусоидати мову ҳуқуқшиносҳои мо ба манфиати ин занҳои талоқгирифта ҳал мешаваду халос. Мо дар фикри он ҳастем, ки қонунҳо такмил ва дигар шаванд. Ин тақозои давр аст, ки ҳар қадар ҷомеа пеш меравад, дигар мешавад, қонунҳо ҳам бояд дигар шаванд. Аз сӯе ҳам худи занҳои мо аз ҳуқуқҳои худ огоҳ нестанд. Ин оилаҳое, ки аз ҳам ҷудо мешаванд ва ҷавонзаноне, ки бо чанд фарзанд аз хонаи шавҳар ронда мешаванду ҳатто оддитарин ҳуқуқи худро дар додгоҳ ва мақомоти дигар талаб карда наметавонад, ҳамин насли баъди ҷанг аст. Яъне ҳоло зарари аз мактаб дур мондани духтаронро дида истодаем.»

Мушкили дигар, ки дар роҳи маскун кардани зан дар хонаи шавҳари собиқ пеш мояд, мушкили мазҳабӣ аст. Домуллоҳои тоҷик мегӯяднд, ки мувофиқи қонуни шариат зани талоқшуда ҳаққи рӯбарӯ шудан бо шавҳари собиқи худро надорад. Ин аст, ки додгоҳҳо низ дар бисёр ҳолат мутмаин нестанд, оё қарори онҳо ба фоидаи зани ҷабрдида ҳал мешавад ё хайр. Ба гуфтаи чанд зани ҷабрдида, кормандони мақомоти додгоҳӣ ба онҳо гуфтаанд, чӣ тавр метавонанд, дар як хона бо шавҳаре, ки ӯро се талоқ додааст, зери як бом зиндагӣ кунад?

Тибқи омори Кумитаи занҳои Тоҷикистон, дар давоми 9 моҳи соли равон беш аз 300 нафар барои ҳалли мушкили манзил аз кумита кӯмак хостаанд. Бахши аъзами онҳо баъд аз талоқ бе ягон василаи зиндагӣ аз хонаи шавҳар ронда шудаанд.

Солеҳа Холова, адвокати Маркази бӯҳронии «Боварӣ» дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, мутаасифона, ҳам дар қонуни манзил ва ҳам оила норасоиҳои зиёде мавҷуданд, ки бояд ислоҳ шаванд ва ин қонунҳо мутобиқ ба ҳаёти воқеии мардум ва қонуҳои байналмилалӣ бошанд:

«Давлати мо, ки демокративу ҳуқуқбунёд аст, бояд қонунҳояш ҳам реалӣ ва мутобиқ ба ҳаёти воқеии мардум, хусусан занҳо бошад. Аз ҳамин костагиҳову заифиҳои қонунҳо истифода карда, шавҳарҳо, хушдоманҳо ҳатто бо 3-4 фарзанд ҳам келинҳоро дар манзилашон дар қайд намегузоранд. Ва агар онҳоро суд маскун кунад ҳам, онҳоро зада, азоб дода, лату кӯб карда, берун мекунанд. Бояд қонуне бошад, ки ана ҳамин хел шавҳар ва хушдоманҳоро ба ҷазо кашад. Ҳамин мушкилиҳо моро водор кард, ки пешниҳод кунем фикрҳои худро ба ҳукумат ва парлумон. Масалан, барои дифоъ кардани ҳаққу ҳуқуқи як зан ё маскун кардани ӯ дар манзилаш, шахсан, ман чӣ ранҷу азобҳое, ки мебинам.»

Бино ба омори расмӣ, ҳар сол дар Тоҷикистон тақрибан беш аз 2000 оилаи ҷавон расман аз ҳам ҷудо мешаванд. Вале омори марбут ба занҳое, ки баъди талоқ гирифтан аз хонаи шавҳари собиқ ронда мешаванд, вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG