Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиносон мегӯянд, барои барқарор кардани мақоми арзандаи зан дар Тоҷикистон ислоҳи вазъ бояд ҳамаҷониба сурат гирад.

Мушкинисо, Тоҷинисо, Файзинисо. Се исми ҳамвазну ҳамоҳанги се зани тоҷиканд, ки дар як кишвар ба сар мебаранд, аммо зиндагиву дидгоҳу имкониятҳои гуногун доранд.
Дар Тоҷикистон се тоифаи занон ба сар мебаранд, ки аз ҳамдигар мутафовитанд, вале дар кулл зани тоҷик унвон мешаванд. Аммо дар гузоришҳои созмонҳои дохиливу байнулмилалӣ ин зан нафаре муаррифӣ мешавад, ки гирифтори ҳама гуна хушунатҳо аст...


Қонунҳои Тоҷикистон ба ҳар се ҳуқуқу озодиҳои баробар ваъда мекунанд, аммо ҳар се барои истифода аз онҳо шароити яксон надоранд.

Мушкинисо Азизова аз занони деҳнишини тоҷик аст, ки либоси оддии тоҷикона ба бар дорад ва аз субҳ то шом машғули корҳои хона аст. Вай аз ҳодисоти ҷаҳону Тоҷикистон хабар надорад ва манбаъи иттилооташ ҳамон сӯҳбатҳои гоҳгоҳии дугонаву ҳамсояҳояш аст. Шавҳараш 10 сол ба ин сӯ дар Русия мардикор аст, соле барои ду - се моҳи зимистон ба деҳа меояд, айнан вақте ки дар деҳот барқ нест. Ҳосили умрашон се фарзанд - як духтару ду писар аст. Духтараш ба шавҳар баромадаву писаронаш ҳанӯз мактаб мехонанд.



ОРЗУ: "ФАРЗАНДОНАМ САВОД ОМӮЗАНД"

Мушкинисо мегӯяд, гоҳ-гоҳ ба маъракаҳои ҳамдеҳагону хонаи наздикон ба меҳмонӣ меравад, бақия умри худро сарфи корҳои рӯзгор мекунад: "Фақат бо як орзу зиндагӣ мекунам, ки фарзандонаму дӯсту хешутаборам сиҳату саломат бошанд, хушбахт бошанд. Мақсади зиндагиам ҳам ин аст, ки фарзандонам ботавфиқ калон шаванду савод омӯзанд ва маро нигоҳубин кунанд. Агар накарданд, орзуву мақсади дигар надорам. Аз Худо мебинам."

Мушкинисо ҳангоми мактабхонӣ орзуи духтур ё милиса шуданро дошт. Аммо дар синни 18-солагӣ ӯ ба шавҳар баромад ва ҳоло танҳо умед бар он дорад, ки фарзандонаш ӯро то охири умр нигаҳбонӣ мекунанд ва ба орзуҳояш мерасонанд.

"БАРОИ РУШДИ ЗАНОН ШАРОИТ МАВҶУД АСТ"

Аммо Тоҷинисо Раҳимова аз он тоифаи занони тоҷик аст, ки дар шаҳр ба сар мебарад, ғарбиёна либос ба бар мекунад ва мустақилияти иқтисодии худро таъмин кардааст. Ӯ дар созмоне машғули кор аст ва бо ҳаққи заҳматаш дар курси пулакӣ забони инглисӣ меомӯзад ва ҳар ҳафта рӯзномаву маҷалла мехарад.

Вай огоҳӣ аз ҳодисоти ҷаҳонро хеле муҳим мешуморад, зеро дар оянда рӯзноманигор шуданист: "Имсол донишгоҳро бо ихтисоси рӯзноманигорӣ хатм мекунам ва мехоҳам дар оянда як рӯзноманигорӣ бақуввату барҷаста шавам. Мехоҳам бештар бо масоили иқтисодӣ сарукор гирам ва дар бораи соҳаи иқтисод барои мардуми Тоҷикистон маводи хуб таҳия кунам."

Тоҷинисо мегӯяд, идеали ӯ занони ҷасуру донишманди тоҷиканд, ки аз сӯҳбатҳояшон нерӯ мегирад, ба онҳо пайравӣ мекунад ва мехоҳад худ низ ба яке аз онҳо табдил ёбад. Вай мегӯяд, барои рушди як зан дар Тоҷикистон шароити зарурӣ мавҷуданд ва ӯ аз ҳуқуқҳои худ истифода мекунад.

ЗАНЕ ҲУҚУҚДОН

Файзинисо Воҳидова
Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи маъруф, аз ҷумлаи занони тоҷик аст, ки 25 сол боз барои ҳифзи ҳуқуқҳои мардум, қабл аз ҳама ҷинси латиф ҳамеша садо баланд мекунад. Вай мегӯяд, дар зиндагиаш парвандаҳое низ буданд, ки ба ҷонаш хатар доштанд, аммо азбаски дар роҳи рост аст, Худо ӯро нигаҳ доштааст. Хонум Воҳидова мегӯяд, зиндагии зан танҳо тавалиду тарбияи фарзанд, издивоҷу фармонбарии шавҳару хизмати аҳли оила, сукуту ризоият бо ҳама гуна андешаҳои қабулу ғайриқобили қабул ва таҳаммулкуниҳо нест.

Вай афзуд: "Ман худро инсон меҳисобам, вақте дар ин зиндагӣ ҷойгоҳи худро дорам. Мавқеи худро дорам. Шароити рушди шахсияти худро дорам, то мавқеи худро дар ҷомиа устувортар кунам. Ман худро инсон ҳис мекунам, вақте ки гуфтание дораму онро мегӯям. Ҳадафи ман дар зиндагӣ мубориза барои барқарор кардани адолати иҷтимоӣ дар ҷомиа аст."

ЗАНИ ТОҶИК, СОЗМОНҲО ВА ХУШУНАТ

Ба ҳамин минвол, дар Тоҷикистон се тоифаи занон ба сар мебаранд, ки аз ҳамдигар мутафовитанд, вале дар кулл зани тоҷик унвон мешаванд. Аммо дар гузоришҳои созмонҳои дохиливу байнулмилалӣ ин зан нафаре муаррифӣ мешавад, ки гирифтори ҳама гуна хушунатҳо аст.

Тибқи омори созмонҳои ғайриҳукуматӣ, 47 дарсади мардон рисолати асосии занро дар тавлиди тифл ва соҳибхоназани хуб будан мебинанд. Тайи бист соли ахир ҳудуди садҳо зан худкушӣ кардаанд ва сабаби аслӣ - хушунати беҷазои оилавӣ будааст. Зӯроварӣ алайҳи занон умдатан дар деҳоти Тоҷикистон, ки 70 дарсади мардуми кишвар ба сар мебаранд, ба назар мерасад.

Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон танҳо 83 дарсади духтарон бо таҳсили ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд ва бақия аз таълим дар мактабҳои ҳамагонӣ маҳруманд. Имрӯзҳо занонро метавон дар кӯчаву бозор вохӯрд, ки бо корҳои вазнин машғуланд. Аксари кулли коргарони майдонҳои пахта ва кӯчарӯбони шаҳрҳо занонанд.

ВАЗЪИ ИҚТИСОДӢ, СУННАТ Ё МАЗҲАБ?

Омор ва манзарае, ки дар Тоҷикистон дида мешавад, рӯзгори зани тоҷикро орому осоишта ва беғубор нишон намедиҳад ва баробарҳуқуқии ӯ бо мардонро, ки қонунҳои кишвар кафолат медиҳанд, таҳти суол қарор медиҳад. Оё кадом авомил мӯҷиби ба чунин ҳол гирифтор шудани зани тоҷик шудаанд: вазъи иқтисодӣ, мазҳаб, суннат ё менталитет?

Коршиносон бо ишораи заъфи иқтисодии Тоҷикистон ва муҳоҷирати густардаи мардон ба хориҷи кишвар, ки мӯҷиби пеш омадани як қатор мушкилот барои занон шудаанд, мегӯянд, вазъи имрӯз ҳанӯз асл ва ибтидои мушкил нест, зеро дар кулл беэҳтиромӣ ва хушунат алайҳи зан дар Тоҷикистон як гуна суннати нонавишта ва аз қабл омада аст.

АЗ ДОМАНИ ГУЗАШТАГОН МЕГИРАНД

Қобилҷон Боев, имомхатиби яке аз масоҷиди Душанбе мегӯяд, вомондагии занони тоҷик реша дар фаҳмишҳои нодурусти фармудаҳои Қуръон дар бораи зан доранд. Вай афзуд, дини ислом таҳсил ва шуғли занонро инкор намекунад, балки агар аз рӯи шариат ҷомиа бо зан муносибат кунад, ҷойгоҳи ӯ хеле баландтар аз он хоҳад буд, ки дар ҷомиаҳои ғайриисломӣ аст.

Ҷаноби Боев далели аслии мушкилоти занони тоҷикро дар бесаводии онҳо медонад, ки қабл аз ҳама бо ҷурми волидон ва наздикони онҳо пеш меояд: "Камбуди асосӣ аз аҷдодонам сар шуд, ки барои занҳо шароити хондан ба вуҷуд наоварданд. Акнун имрӯз духтарони мо, ки ба мушкилоти иқтисодӣ печидаанд, ин анъана зарар меорад. Онҳоро аз синфи чору панҷ аз мактаб мебарорем. Мегӯем, ки дар мактаб онҳо бадахлоқ мешаванд. Ҳол он ки мактабро ҳам бояд ислоҳ кунему фарзандамонро хононем, аҳли савод кунем. Бикӯшем, ки кӯчарӯб нашавад, балки дар ягон корхонаи давлатӣ бо риояи одоби исломӣ кор кунад. Шарму ҳаё ва иффаташро нигоҳ дорад, чаро кор накунад? Бигзор кор кунад, аммо корҳои лоиқ ба як зан. Масалан, дар даромадгоҳи фурудгоҳи Арабистони Саудӣ духтуре, ки ҳоҷиёнро муоина мекунад, зан аст. Агар ӯ бесавод мебуд, аз куҷо он ҷо раҳ медоданд?"

ДАЪВОИ РӮҲОНИЁН ВОҚЕӢ НЕСТ?

Зафари Мирзоён
Зафари Мирзоён, донишманди тоҷик мегӯяд, хушунат ба зан аз манишҳоест, ки баъд аз омадани арабҳо ба сарзамини тоҷикон ба ҳукми анъана даромада, то имрӯз идома дорад. Вай афзуд, дар замони Куруши Кабир агар дар як корхона 40 дарсади коргаронро занҳо ташкил мекарданд, сарвар ҳатман бояд зан интихоб мешуд.

Ҷаноби Мирзоён гуфт, даъвоҳои аҳли дин дар бораи озодиҳои занон то ҷое воқеӣ нест: "Зеро худи ҳамин сатр пӯшонидани зан, ба назари ман, таҳқир ва машкук будан ба зан аст. Яъне шак бурдан, ки агар зан бечодар бошад, ҳатман метавонад чашм бипаронад ва кори ғайришаръӣ кунад. Пасмондагии ҷомиаи шарқӣ ҳам рӯзе сар шуд, ки занро аз ҷамоат дур карданд. Занро мисли гунаҳгори билқувва ҳисоб карданд. Бубинед, 50 дарсад ё бештар аз ин нуфузи ҷомиаҳои шарқӣ занонанд. 50 дарсадро он қадар маҳдуд сохтаем, ки онҳо дар илму истеҳсолот, масалан, саноат он қадар саҳме надоранд."

ГУЛРУХСОР: "ДАР АҚЛУ ХИРАД МАРДИВУ ЗАНӢ НЕСТ"



Гулрухсори Сафӣ
Аммо коршиносон мегӯянд, дар ҳоле ки барои мардон дар истеҳсолоти Тоҷикистон ҷой нест, дар бораи мавҷудияти ҳамчунин имконот барои занон сӯҳбат кардан ҳам аз рӯи адолат нест.

Бо ин вуҷуд, рӯи вижагии мушкили зани тоҷик солҳо ба ин сӯ баҳсҳо идома доранд ва роҳҳалҳо аз хориҷу дохил ба хотири ислоҳи вазъ низ пешниҳод мешаванд. Суоле пайдо мешавад, далели аз ҳам дурии аксарияти хушунатзада ва ақаллияти муваффақи занони тоҷик чӣ аст? Оё то куҷо имкони ба ҳам омадан ва ба як ҷунбиш табдил ёфтани онҳо то куҷо имкон дорад?

Гулрухсори Сафӣ, шоираи номдори тоҷик бар ин назар аст, ки тақсим кардани занон ба ақаллияту аксариятҳо кори дурусте нест, зеро сӯҳбат бояд танҳо аз инсон бошад. Ба қавли ӯ, мушкилоте, ки занон доранд, мардон низ доранд: "Масалан, зан ё мард рӯшанфикру торикфикр буда наметавонанд. Гап дар бораи шахсият, инсон ва ҳунармандиву беҳунарӣ меравад, Худованд он қадар бузург аст ва марду занро ба он хотир аз ҳам ҷудо офаридааст, ки дукаса фарзанд ба дунё оранд. Аммо дар ақлу хирад мардиву занӣ нест."

ФАРҚИ МИЁНИ ЗАНОНИ ШАҲРНИШИНУ ДЕҲНИШИН

Рӯҳониёни тоҷик бо нашри матолиб ва китобҳо мегӯянд, ки дини ислом ба занон ҳуқуқи бештаре додааст...
Аммо коршиносон мегӯянд, дар ҷомиаи имрӯзу дирӯзи Тоҷикистон дар қиёс бо ҷомиаҳои дигар, ҳатто исломӣ тарқишҳо миёни тоифаҳои гуногуни занон ба вуҷуд омадааст. Гулҷаҳон Бобосодиқова, дар замони шӯравӣ котиби идеологии Ҳизби коммунист ва ҳоло сарвари Анҷумани занони хатмкардаи донишгоҳи Тоҷикистон мавҷудияти ҳамчунин як тарқишҳо миёни занони кишварро таъйид карда, гуфт, дар замони Шӯравӣ бо вуҷуди таъминоти хуби иқтисодӣ фарқият миёни занони деҳнишину шаҳрнишин ва рӯшанфикр бармало буд.

Вай афзуд, ин тарқишҳо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ барҷастатар шуданд: "Солҳои душвори ибтидои истиқлолият ва ҷанги шаҳрвандӣ мо воқеан пароканда будем. Шаҳр дар шаҳр буд, деҳа дар деҳа. Аммо ҳоло дар мисоли созмонҳои ҷамъиятӣ гуфта метавонам, ки ҳамчунин як ҳаракат ба сӯи ба ҳам омадан ва ҳал кардани мушкилот ба вуҷуд омадааст. Ҳамкории миёни созмонҳои марказиву минтақаӣ бештар мешаванд. Агар нерӯҳо муттаҳид бошанд, ҳалли мушкил ҳам осон мешавад, хулосаҳои дуруст мебарорем, ба якдигар кӯмак мерасонем. Ҳоло Эътилофи созмонҳои ғайриҳукумати дар ҳайати 95 созмон ба вуҷуд омадааст, ки ба масъала ҳамаҷониба бархӯрд мекунад. Натиҷаҳои хуб ҳам ба миён омадаанд. Намегӯям, ки ҳама кор хуб аст, аммо аз ҳама муҳим ҳаракатҳо вуҷуд доранд."

ГАПИ БЕҲУДАИ ЗАНОН


Зебунисо Рустамова
Зебунисо Рустамова чеҳраи барҷастаи зани муваффақи тоҷик аст, ки чаҳор карат қаҳрамони ҷаҳон, барандаи медали биринҷии олимпӣ, се карат қаҳрамони Аврупо, понздаҳ карат қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва бист карат қаҳрамони камонварии Тоҷикистон шудааст. Вай мегӯяд, қишри рӯшанфикри занони тоҷик бояд барои фароҳам овардани шароити мувофиқ барои рушди занони дигар бикӯшад:
"Бисёр занҳои мо кори хона мегӯяду аммо бештар бо корҳои нодаркор машғуланд. Ба ҷои он ки маърифати худро зиёд кунанд, як ҷо ҷамъ мешаванду бо гапҳои бекора машғул мешаванд. Аз субҳ то шаб гапи беҳуда мезананд. Агар шароит дошта бошанд, барои боло бурдани саводу маърифати худ машғул мешаванд. Масалан, аз рӯзгори Маҳастии Хуҷандӣ шунида будам, ки занҳо ҷамъ меомаданду бо шеърхониву китобхонӣ машғул мешуданд. Аммо занҳои мо дар бораи зару зевар, латту путу ғайбати дигарону чизҳои беҳуда сӯҳбат мекунанд."

ШИКОЯТ АЗ ХУШДОМАНҲО


Мукаррама Насруллоева, аз Кумитаи занони Тоҷикистон мегӯяд, бояд оилаи тоҷик ислоҳ шавад ва фаҳмиши мардону аъзои дигари оила, ки бо зану хоҳаронашон аз хушунат кор мегиранд, тағйир ёбад.

Вай афзуд, оила аз муқаддасот аст ва аъзои он ҳам рукнҳои пояндагии онро бояд донанд: "Таҳаммалпазирии миёни зану шавҳар аз ҳама муҳим аст. Аммо аз рӯи муроҷиатҳое, ки ба Кумитаи занон мешавад, аксари занони ҷавон аз хушдоманҳояшон шикоят мекунанд. Хушдоманҳо ҳам бояд дарк кунанд, ки вақте як духтари ҷавонро аз оилаи дигар, муҳити дигар меоранд, то одат кардани ӯ ба оилаи нав бояд сабр кунанд. Аз ин хотир, набояд ба зиндагии ҷавонон дахолат кунанд."

КОРШИНОСОН: "ИСЛОҲИ ВАЗЪ ЗАРУР АСТ"


Тибқи иттилои Кумитаи занони Тоҷикистон ба маркази «Боварӣ» - и ин ниҳод тайи шаш моҳи соли равон ҳудуди 375 зан муроҷиат кардаанд, ки маслиҳатҳои ҳуқуқиву равонӣ пурсидаанд.
Барои хотири боло бурдани нақши занон дар ҷомиа дар Тоҷикистон дар иддае аз вазорату кумитаҳои давлативу ҳукуматӣ ба вазифаи муовинони раҳбарон занон таъйин мешаванд. Ҳамчунин дар Маҷлиси намояндагон аз 64 курсӣ 12 ва дар Маҷлиси болоӣ аз 34 курсӣ 5 — тоаш барои занон пешбинӣ шудааст.

Аммо коршиносон мегӯянд, барои барқарор кардани мақоми арзандаи зан дар ҷомиаи Тоҷикистон ислоҳи вазъ бояд ҳамаҷониба сурат гирад. Ба қавли онҳо, аз сӯи ҳукумат ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд шароите барои занон фароҳам оварда шавад, ки онҳоро ба мустақилияти иқтисодӣ расонад, то худ тавонанд дар баробари мардон ва шароити дигар истодагарӣ кунанд ва аз тобеият раҳоӣ ёбанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG