Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи барқ дар Тоҷикистон боло рафт


Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз якуми апрели соли ҷорӣ нархи истифода аз нируи барқро боло бибарад. Акнун як киловат соат нируи барқ барои аҳолӣ 11 дирам нарх хоҳад дошт. Бори ахир соли 2010 нархҳо боло рафта буд ва дар ду соли гузашта нархи як киловат соат нируи барқ 9-дирамроро ташкил мекард. Нархи фурӯши барқ ба аҳолӣ ва ширкатҳову корхонаҳои давлатӣ аз ҳам фарқ дорад. Дар ин бора вазорати энерживу саноати Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст.
XS
SM
MD
LG