Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев қонуни ҳамкориҳои марзӣ бо Тоҷикистонро имзо кард


Дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Русия хабар додааст, ки Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури ин кишвар қонун “Дар бораи тасвиби қарордоди миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои марзӣ”-ро имзо кардааст. Ин қонун дар Думаи Давлатӣ 10 феврал ва дар Шӯрои Федератсия 22 феврал ба тасвиб расида буд. Дар қарордод ҳузури Русия дар қаламрави Тоҷикистон дар таркиби Гурӯҳи ҳамкориҳои марзӣ боқӣ хоҳад монд. Дар қарордод ҳамчунин ширкати намояндагони Русия дар такмили низоми ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистон, таъмини оперативӣ ё фаврии амнияти марз ва ҳамчунин таълими афсарон ва коршиносони марзии тоҷик пешбинӣ шудааст. Пештар порламони Тоҷикистон низ ин қарордодро бо иттифоқи оро ба тасвиб расонда буд.
XS
SM
MD
LG