Пайвандҳои дастрасӣ

Филми эронии “Ҷудоии Нодир аз Симин” барандаи Оскар шуд


Асғар Фарҳодӣ дар Лос Анҷелес ҳангоми дарёфти Оскар

Асғар Фарҳодӣ дар Лос Анҷелес ҳангоми дарёфти Оскар

Шаби якшанбе дар Лос Анҷелеси Амрико як филми эронӣ ва як филми покистонӣ барандаи ҷоизаи Оскар шуданд. “Ҷудоии Нодир аз Симин”-и Асғар Фарҳодӣ-коргардони эронӣ ҷоизаи имсолаи “Оскар” барои беҳтарин филми хориҷиро ба даст овард. Асғар Фарҳодӣ аз номи мардуми Эрон ин ҷоизаро қабул кард ва ишора кард, ки “фарҳанги ғаниву бостонии миллати Эрон зери ғубори сангини сиёсӣ пинҳон мондааст”.

Хонум Шармин Убайд Чиной-коргардони покистонӣ барои филми мустанади кӯтоҳ бо номи “Ҳифзи чеҳра” ҷоизаи Оскар дарёфт кард. Ин филм дар бораи як ҳамла бо тезоб ё кислота ба чеҳраи як нафар таҳия шудааст.

Телевизиони давлатии Эрон рӯзи душанбе пирӯзии филми Фарҳодиро пирӯзӣ бар Исроил-душмани ҷонии Эрон арзёбӣ кард ва гуфт, он нишондиҳандаи саноати пешрафтаи филмсозӣ дар Эрон аст.

Асғар Фарҳодӣ дар Лос Анҷелес ҳангоми дарёфти ҷоиза гуфт:

“Дар ин лаҳзаҳо эрониёни зиёде дар саросари ҷаҳон моро тамошо мекунанд. Ман тасаввур мекунам, ки онҳо чӣ қадр хушҳоланд. Хушҳолии онҳо танҳо аз баранда ҷоизаи муҳим шудани филм ё филмсоз нест. Онҳо аз он хушҳоланд, дар рӯзҳое, ки миёни сиёсатмадорон сухан аз ҷанг, таҳдид ва хушунат дар миён аст, номи кишварашон дар арсаи бошукӯҳи фарҳанг ба забон меояд, фарҳанги ғаниву бостонӣ, ки зери ғубори сиёсат пинҳон мондааст”.

Бори аввал ин коргардонони эронӣ ва покистонӣ ба дарёфти чунин ҷоизаи муътабари байналмиллалӣ ноил омадаанд.
XS
SM
MD
LG