Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи эътирозҳо алайҳи ҳузури НАТО дар Афғонистон


Дар Афғонистон панҷ рӯз боз эътирозҳои густурда алайҳи ҳузури низомиёни хориҷӣ дар кишвар идома доранд. Эътирозҳо баъди он сар заданд, ки дар пойгоҳи ҳавоии НАТО дар Багром чанд нусхаи Қуръони Шариф оташ зада шуд.

Рӯзи шанбе ҳазорон сокинони вилоятҳои Лугар, Нангарҳор ва Лағмон дубора ба хиёбонҳо рехтанд. Дар вилояти Лағмон тақрибан ҳазор нафар ба манзили волӣ ҳамла карданд ва аммо полис аз забти ин хона ҷилавгирӣ кард. Дар бораи осебдидагон дар ин бархӯрд иттилое зери даст нест.

Як рӯз аз ин пеш бар асари парокандасозии намоишҳои эътирозӣ дар манотиқи гуногуни Афғонистон 11 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва фармондеҳони нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон барои сӯзонида шудани нусхаҳои Қуръон дар пойгоҳи Багром узр хостанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG