Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Зеллик мақомашро тарк мекунад


Роберт Зеллик
Роберт Зеллик
Бонки ҷаҳонӣ дар бораи истеъфои қарибулвуқӯи Роберт Зеллик аз мақоми раиси ин ниҳоди молиявӣ хабар дод. Зеллик моҳи июн баъди хатми мӯҳлати панҷсолаи кораш мақомашро тарк хоҳад кард.

Дар изҳороти дафтари Бонки ҷаҳонӣ ба "саҳми таърихии Зеллик дар давраи бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ" таъкид шудааст. Замони раёсати ӯ, гуфта шудааст дар хабари Бонки ҷаҳонӣ, барои рушди кишварҳои ҷавон ва рафъӣ гуруснагӣ дар олам 247 миллиард доллар ҷудо карда шуд.

Ҳанӯз маълум нест, ки Зелликро дар мақомаш кӣ иваз мекунад.
XS
SM
MD
LG