Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозот барои ихроҷи Анн Нива аз Русия


Анн Нива, хабарнигор ва нависандаи фаронсавӣ
Анн Нива, хабарнигор ва нависандаи фаронсавӣ
Раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский раҳбари бахши ин хадамот дар вилояти Владимир Олег Бречкоро аз мақомаш барканор кард. Ин тасмим - вокуниш ба ихроҷи хабарнигор ва нависандаи фаронсавӣ Анн Нива аз Русия аст, ки гуфта мешавад раводидаш бо дастури Олег Бречко лағв карда шудааст.

Ҷаноби Ромодановский ба хабаргузории Интерфакс гуфт, ки Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мавзӯи лағви раводиди хонум Ниваро бознигарӣ хоҳад кард.

Анн Нива барои мусоҳиба бо намояндагони мухолифин рӯзи якшанбе аз Русия ихроҷ шуд. Кормандони хадамоти муҳоҷират далел пеш оварданд, ки хонум Нива бо раводиди корӣ вориди Русия шудааст ва аммо ба ҷойи ин бо мухолифин дидору гуфтугӯ мекунад.

Хонум Нива муаллифи китоби “Ҷанги палид” дар бораи занҳои Чеченистон аст ва солҳои пеш хабарнигори расонаҳои Фаронса дар Маскав буд.
XS
SM
MD
LG