Пайвандҳои дастрасӣ

Ш. Шабдолов: "Ҷаласаи роҳи пулакӣ махфӣ гузашт"


Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

Гуфтугӯи хабарнигори "Озодӣ" бо Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва узви порлумони Тоҷикистон.

Озодӣ: Тарҳи қонунҳо, ки аз ҷониби ҳукумат таҳия мешавад, метавонад бидуни тасдиқ дар парлумон ҳам мавриди иҷро қарор бигирад. Аз ин ҷост, ки мегӯянд парлумон дар низоми ҳокимияти Тоҷикистон нақши заиф ва ночиз дорад ва ба ин далел агар шумораи вакилони он коҳиш ёбад низ, дар натиҷаи кори он кадом тағйире бор намеоварад...

Шодӣ Шабдолов: "Мавқеи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ин маврид расман баён шудааст. Шумораи вакилон дар Маҷлис бояд мутаносибан бо намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ, ки вориди парлумон мешаванд, муқаррар шавад. Вале ин кор танҳо дар сурати шаффоф баргузор шудани интихобот сурат мегирад. Яъне дар участкаҳо ва дар округҳои интихоботӣ намояндаҳои ҳамаи аҳзоби сиёсӣ ба ҳайси узви комиссияи интихоботӣ ҳатман ширкат дошта бошанд. Танҳо дар чунин ҳолат интихобот метавонад шаффоф бигзарад ва парлумон дар ҳақиқат аз намояндаҳои воқеии мардум ташаккул меёбад ва танҳо дар чунин ҳолат дар парлумон намояндаҳои афкору ақидаи гуногуни ҷомеи кишвар роҳ меёбанд. Шумораи вакилон дар парлумонро мо бештар пешниҳод карда будем. Ва вакилон дар парлумон танҳо бояд бар тибқи феҳристи ҳизбӣ интихоб бишаванд. Шахсони алоҳида набояд номзад бишаванд, балки танҳо аҳзоб ҳуқуқи пешбарии номзад ба парлумонро дошта бошанд. Зеро як шахс дар натиҷаи кори парлумон таъсир гузошта наметавонад. Аммо ҳизби сиёсӣ дар асоси барномаи худ метавонад дар сиёсати иқтисодиву иҷтимоиву фарҳангиву дигару дигар тағйир ворид кунад. Аммо агар парлумон танҳо аз як ҳизби сиёсӣ ташкил шавад, он вақт дар воқеъ бар мавҷудияти ин шумора зарурат боқӣ намемонад. Он 20, 30, 40 ва ҳатто 100 нафар ҳам, ки бошад, чизе тағйир намеёбад. Мо боз ҳам талош хоҳем кард, ки қонуни интихобот ислоҳ шавад ва бо мавозини байнулмилалӣ мутобиқ гардад. Ҳоло дар бисёре аз кишварҳо (Аврупоро ин ҷо истисно мекунем, чун ин мушкилро надоранд) аз ҷумла дар Қазоқистон, Русия ва Қирғизистон аз тарзи мажоритарии пешниҳоди номзад даст кашида, номзадҳоро танҳо ҳизбҳо пешниҳод мекунанд."



Озодӣ: Бо онки шумо собиқаи зиёд дар сиёсат доред, фикр мекунед як нафар дар чанд навбат метавонад раиси ҷумҳур бошад?

Шодӣ Шабдолов: "Ин масъаларо танҳо як санад, Қонуни асосӣ метавонад муайян кунад. Аммо андешаи шахсии ман чунин аст, ки як шахс бояд ду навбат, на бештар аз он, роҳбарӣ кунад. Таҷрибаи бархе аз давлатҳои дунёро бубинед, ки бо фоҷиа тамом шуд, яъне он мавқеи диктотурие, ки дар Ироқ, Тунису Мисру Либиё доштанд, бисёр бад тамом шуд. Дар аксари дунё ду навбат аст. Аз назари мо низ ин хуб аст."

Озодӣ: Ҳоло ин ҷо, ки сухан аз маошу даромад рафт, метавонед бигӯед, ки болотарин маош дар Тоҷикистон ба кӣ тааллуқ дорад?

Шодӣ Шабдолов: "Ҳоло нашрияҳо дар ин робита ба парлумон часпидаанд. Пасттарин маоши парлумонҳои СНГ аз Тоҷикистон аст. Панҷ баробар нисбат ба Русия камтар аст. Нисбат ба ҳамсояҳо ду-се баробар кам аст. Маоши болотарин дар системаи молия ва бонкҳост. Чун онҳо маошро худашон муайян мекунанд. Маоши деҳқону коргар паст аст."

Озодӣ: Манзурам кормандони давлатианд, ки аз будҷа маош мегиранд.

Шодӣ Шабдолов: "Вазирҳо ҳам он қадар маоши баланд намегиранд. Албатта, раисиҷумҳур дар тамоми дунё нисбат ба дигарҳо маоши бештар мегирад."

Озодӣ: Шумо андозаи маоши раиси ҷумҳуриро медонед?

Шодӣ Шабдолов: "Медонам, вале гуфта наметавонам."

Озодӣ: Бархе аз вакилон мегӯянд, ки ҳарчанд маоши раиси ҷумҳуриро мо тасдиқ мекунем, аммо намедонем, ки чанд аст.

Шодӣ Шабдолов: "Дурӯғ гуфтааст вакиле мегӯяд, ки намедонам. Медонем. Дар ҳамаи дунё аз Амрико гирифта то Ҷопону дигарҳо маоши раисиҷумҳурӣ назар ба дигар табақаҳои ҷомеа баландтар аст."

Озодӣ: Вале ба ҳар сурат сабаби ин қадар тафовути зиёди маоши мансабдорони баланд бо як муаллим ва ё пизишк дар Тоҷикистон дар чист?

Шодӣ Шабдолов: "Сабаби асосии тафовут, набудани ҷомеаи сотсиалистӣ аст. Ҷаббор Расулов, раиси давлат ва Котиби аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд ва агар бигӯям, дар тааҷҷуб меафтед, ки чӣ миқдор маош дошт. Маоши ӯ ду баробар камтар аз маоши президенти Академияи улуми Тоҷикистон буд. Муҳаммад Осимӣ, муаллими ман, ду баробар аз Ҷаббор Расулов маоши бештар дошт. Он вақт илму маориф дар ҳақиқат қадри аз ҳама болоро дошт."

Озодӣ: Ҳозир чӣ?

Шодӣ Шабдолов: "Ҳозир аз замин то осмон фарқ мекунад. Ман як чизро бояд бигӯям, ки ҳеҷ гоҳ ҷомеаи капиталистӣ, яъне сармоядорӣ ҳама чизро ба таври баробар муҳайё намекунад. Аммо нобаробарӣ аз чӣ сар мешавад, аз нобаробарии дастрасӣ ба молу мулк. Яъне як кас соҳиби молу мулки бисёр аст, заводу фабрикаву мағозаву ресторан дорад, аммо нафари дигар ғайр аз кулбаи похса чизе надорад. Ин нобаробарӣ аз ҳамин ҷост. Нобаробарии имрӯзаро ин ҷомеа ислоҳ карда наметавонад. Агар метавонист, дар Юнон ислоҳ мекард. Натавонист."

Озодӣ: Хона ва утоқи кории шумо гарм аст?

Шодӣ Шабдолов: "Росташро гӯям, утоқи кории ман сард аст. Барои ҳамин шуморо дар утоқи кориам қабул карда натавонистам. Хонаамон, албатта, мисли манзили бақия сокинони пойтахт сард аст. Дар давраи Шӯравӣ мо дар хонаҳо газ доштем, ки муназзам истифода мекардем ва ҳам маркази гармидиҳии пойтахт кор мекард. Ҳозир аз ин ду маҳрум шудаем. Ва ҳатто барқе, ки мерасад бо шиддати бисёр паст аст. Кабелҳо зуд-зуд месӯзанд. 45 нафар аз сокинони бинои ҳамшафат ба номи ман як дархости расмӣ навиштанд, ки ба “Барқи тоҷик” бирасонам, ки фарзандони мо ва худи мо дар азобем. Ҳатто ғизо омода карда наметавонем. Аҳволи мо ҳам аз аҳволи дигарҳо беҳтар нест. Албатта Роғунро бояд сохт. Вале он замон мехоҳад. Барои бартараф кардани ин мушкилиҳо бояд ҳарчи зудтар аз захираҳои газ ва ангишти ватанӣ истифода кард. Дар ғайри сурат ин аҳвол чандин соли дигар идома хоҳад дошт. Ва ба умеди касе ва ҷое дигар набояд шуд. Ҳатто дар фасли сармо ҳар вақте ки хостанд, онро қатъ мекунанд."

Озодӣ: Бо мусоидати парлумони Тоҷикистон роҳи Душанбе-Хуҷанд пулакӣ шуд. Вале то ҳоло мардум намедонад, ки пули ин роҳ ба ҷайби кӣ меравад. Шояд шумо ба ҳайси вакили мардум бидонед, ки соҳиби ин ширкати пулчин кӣ аст?

Шодӣ Шабдолов: "Ман мухолифи ин тарҳ ва ин пешниҳод будам. Ҳоло ҳам мухолифам. Дар парлумон шадидан муқобил сухан кардам. Он ҷаласа махфӣ гузашт ва ҳуқуқи интишори суханронии худро дар рӯзномаҳо надоштам. Шояд баъд аз он, ки нақби Анзоб ва Шаҳристонро ба кор андозанд, барои пардохти маблағҳои қарзӣ бишавад, онҳоро пулакӣ кард. Лекин роҳи оммаро дар ихтиёри як ширкат дода пулакӣ кардан ва он ширкатро аз анвои андоз озод карданро ман ҳеҷ гоҳ қабул надоштам ва муқобил ҳастам."

Озодӣ: Ба ҳар сурат фаҳмидед, ки соҳибаш кӣ будааст?

Шодӣ Шабдолов: "Феълан маълум аст. Он дигар чоп шудааст. Ширкате, ки фаъолият мекунад ва дар бонк суратҳисоб дорад, чи тур соҳибаш номаълум аст? Агар соҳибаш маълум набошад, чӣ тавр метавонад дар бонк суратҳисоб кушояд? Наметавонад."

Озодӣ: Дар кадом бонк?

Шодӣ Шабдолов: "Дар бонки Тоҷикистон."

Озодӣ: Шумо ба ҳайси вакил соҳиби онро нофаҳмида чӣ тавр овоз додед?

Шодӣ Шабдолов: "Ман муқобил овоз додам, вале он вақт соҳибашро ном набурданд. Вазирро пурсидем, ҷавоб дода натавонист. Лекин феълан маълум аст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG