Пайвандҳои дастрасӣ

Маоши вакил 5000 сомонӣ. Аз муаллиму табиб чӣ?


Ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон

Ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон

Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон моҳона беш аз 5 ҳазор сомонӣ ва ё бештар аз 1000 доллари амрикоӣ маош мегирифтааст.

Ин рақам дар ҷаласаи имрӯзи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз тарафи Сафаралӣ Наҷмиддинов -вазири молияи ин кишвар эълон гардид.

Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки баъди панҷоҳ дар сад афзоиш ёфтани маоши вакилони мардумӣ, ҳоло маоши вакилон беш аз 5000 сомониро ташкил медиҳад.

"БУБИН ТАФОВУТИ РОҲ..."

Вакилони парлумони Тоҷикистон дар ҳоле ба ин андоза маош доштаанд, ки музди камтарини маош дар ин кишвар 80 сомонӣ ва ё наздики 20 доллар ва маоши миёна 450-60 сомонӣ ё наздики 100 доллар муайян шудааст. Маоши вазирон ва бақия аъзои ҳукумати Тоҷикистон низ на камтар аз маоши вакилони парлумон муқаррар шудааст.

Фирӯз Сайидов, мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ ва бозори кори Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон

Фирӯз Сайидов, мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ ва бозори кори Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо таваҷҷӯҳ ба тафовути бамаротиб зиёд дар маоши барои мисол як муаллим ва ё як табиб бо вакили парлумон, ки ҳарду низ аз ҳисоби бюҷети кишвар маош мегиранд, ин суол халқ мешавад, ки меъёри таъйинкунандаи музди меҳнат дар Тоҷикистон чӣ аст ва то чӣ ҳад дар ин масъала адолати иҷтимоӣ риоят шудааст. Зеро барои мисол муаллим ва табибе, ки ӯ низ 8 соат кор мекунад ва тарбияти панҷ-шаш нафарро бар ӯҳда дорад 400-500 сомонӣ маош мегирад, аммо вакили парлумон, ки ӯ ҳам 8 соати корӣ дорад ва афзун бар ин маош аз имтиёзҳои дигар низ бархӯрдор аст, беш аз 5000 сомонӣ музд мегирад.

Фирӯз Сайидов, мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ ва бозори кори Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин пурсиши мо, ки аз рӯи кадом меъёр маоши кормандони бюҷетӣ аз ҷумла вазиру вакил ва ё як омӯзгору пизишк муайян мешавад гуфт, ки ҳанӯз дар кишвар наҳва ва ё механизми ин кор ба тартиб ва танзим дароварда нашуда аст. Аз ин ҷост, ки ҳамин гуна фарқияти бисёр дар маоши масалан як корманди муассисаи табобатӣ, таълимӣ ва ё илмӣ бо идороти давлатӣ ба вуҷуд омадааст.

ЧАРО ЧУНИН АСТ?

Аммо бархе дигар аз коршиносон бар ин назаранд, ки фарқияти бузург дар миёни маоши мақомдори давлатӣ ва як корманди сатҳи поин аз он аст, ки худи таъйинкунандаҳои маош дар Тоҷикистон меъёрҳоро бар суди худ дуруст мекунад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров-иқтисодшиноси тоҷик

Ҳоҷимуҳаммад Умаров-иқтисодшиноси тоҷик

Ҳоҷимуҳаммад Умаров-иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд дар ҳама кишварҳои пешрафта риояти адолати иҷтимоӣ дар таъйини маош масъалаи асосӣ ва усулӣ ба ҳисоб меравад. Оқои Умаров афзуд, ки дар ин кишварҳо меъёри таъйини маош вуҷуд дорад ва ниҳодҳои иҷтимоӣ ва расмие амал мекунанд, ҳамвора таъмини шаффофиятро дар ин замина назорат мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон баръакс онҳое адолати иҷтимоӣ аз сӯи онҳо нақз мешавад, ки худ масъули ҳифзу риояти онанд.

Зимнан Сафаралӣ Наҷмиддинов-вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки бар асоси тағйироти пешниҳодкардаи ҳукумат, ҳамакнун вакилон баъди анҷоми ваколат се моҳ маоши моҳонаи худро мегиранд дар ҳоле, ки ин мӯҳлат то шаш моҳ муқаррар шуда буд. Ин дар ҳолест, ки Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва вакили парлумон ба ин пешниҳодҳо мухолифат кард.

Шабдолов гуфт, ки баъди анҷоми мӯҳлати ваколат, вакил бояд бо кори муносиб таъмин шавад, чун ҳар кадоме аз онҳо дар собиқ ҷойи кор доштанд. Аммо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон гуфт, ки дар ин сурат ҳар як вазире ҳам, ки аз кор барканор шуд ҳамин гуна даъво хоҳад кард, ки як кори ношуданист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG