Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коргар ва корфармо. Қарордод байни ҳар ду ҳатмӣ шуд


Рӯзи чаҳоршанбе дар парлумони Тоҷикистон лоиҳаи ислоҳшудаи Кодекси меҳнати Тоҷикистон пешниҳод ва қабул карда шуд.

Сабоҳат Муқимова, вакили парлумон ва аз муаллифони лоиҳа гуфт, ки ҳамакнун ҳамаи корфармоҳо дар Тоҷикистон муваззафанд бо коргар на камтар аз як сол қарордоди ҳамкорӣ имзо кунанд. Дар ин ҳолат кордиҳанда вазифадор аст, меъёрҳои қонун барои ҳифзи ҳуқуқи коргар аз ҷумла таъмини рухсатӣ, пардохти маош ва баъзе аз кафолатҳои иҷтимоиро иҷро кунанд.

Шодӣ Шабдолов, вакили МН аз ҲКТ
Шодӣ Шабдолов, вакили МН аз ҲКТ
Зимнан баҳси байни корфармо ва коргар дар Тоҷикистон яке аз масоили доғ дар додгоҳҳои ин кишвар ба шумор меравад, зеро нақзи ҳуқуқи коргар аз сӯи корфармо тақрибан ба як кори маъмулӣ табдил шуда ва дар бештари ҳолат корфармоҳо дар додгоҳҳо баранда мешаванд.

Шодӣ Шабдолов, вакил аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфт, ки ҳатто корфармоёни хориҷӣ низ ҳуқуқи коргарони тоҷикро зери по мекунанд, зеро қонуни кори Тоҷикистон дар воқеъ ноқис аст.

Аммо Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, ки баъди қабул ва мавриди иҷро қарор гирифтани Кодекси ислоҳшудаи кор, корфармоҳо муносибати худро бо коргар тағйир хоҳанд дод. Ба гуфтаи ӯ, қонун намегузорад, то корфармо худсарона коргарро аз кор биронад, зеро коршоямӣ ва ё корношоямии коргарро на корфармо, балки комиссияи мустақил муайян хоҳад кард.

Бар пояи ислоҳоти ворида ба Кодекси меҳнати Тоҷикистон, корфармо вазифадор аст, ки барои кор дар рӯзҳои таътили расмӣ, пардохти дукарата
Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон
Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон
ба коргарро таъмин кунад. Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии Тоҷикистон, беш аз 60 дар сади коргарон ба корфармоҳо дар асоси қарордоди хаттӣ ҳамкорӣ мекунанд ва чунин тарзи кор имкон медиҳад, ки ин шумора аз коргарон аз ҳуқуқ худ дифоъ кунанд.

Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло 2 миллион аз атбои ин кишвар бо кор фаро гирифта шуданд. Аммо бар пояи манобеи ғайрирасмӣ, беш аз 1-уним миллион аз атбои қобили кори ин кишвар дар Русия ба муздурӣ машғул буда табақаи беҳуқуқи иҷтимоӣ дар ин кишвар ба шумор мераванд.
XS
SM
MD
LG