Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА: Русия ва Чин нигоҳ ба Сурияро бояд дигар кунанд


Кетрин Эштон, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо
Кетрин Эштон, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо
Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Кетрин Эштон аз Русия ва Чин даъват кард, мавқеи худро нисбати бӯҳрони Сурия бознигарӣ кунанд. Ишора ба он аст, ки ду кишвар 4-уми феврал ба қатъномаи Шӯрои Амният дар ин бора раъйи мухолиф доданд. Эштон дар ҷараёни сафараш ба Мексик гуфт, раҳбарияти Сурия бояд масъулиятро ҷиддӣ бигирад, гурӯӯҳои мухталифро ба ҳам орад ва ба онҳо имкон диҳад, ояндаи дилхоҳи кишвари хешро бисозанд. Эштон афзуд, ҳимояти Русия ва Чин аз ҳукумати Сурия ба идомаи хушунатҳо сабаб мегардад.
XS
SM
MD
LG