Пайвандҳои дастрасӣ

Як сокини Суғд барои куштор ба 20 соли ҳабс маҳкум шуд


Як сокини деҳаи Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои куштори ҳамсари ҳомиладораш ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Тавре дар мурофиа дар додгоҳи вилояти Суғд гуфта шуд,

Аҳмадҷон Тухтаев ҳамсарашро барои он бӯғӣ карда куштааст, ки ӯ бар асари моҷароҳои пайвастаи хонаводагӣ дигар хоҳиши зери як бом бо шавҳараш зистанро надошт.

Бист соли умрашро Аҳмадҷон Тӯхтаев дар маҳбаси нишомаш шадид сипарӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG