Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти мухолифини Сурия дар вазорати хориҷии Чин


Харобаҳо баъд аз бархӯрдҳо дар Сурия

Харобаҳо баъд аз бархӯрдҳо дар Сурия

Ҳайати мухолифини Сурия имрӯз дар Пекин бо муовини вазири умури хориҷии Чин ЧжайТзюн музокирот анҷом дод.

Сухангӯи вазорати хориҷии Чин Лю Вэймин ба хабарнигорон гуфт, ки Пекин бо гурӯҳҳои мухолифин дар Сурия дар тамос хоҳад буд.

Охири ҳафтаи гузашта Чин ҳамроҳ бо Русия ба тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ бо талаби истеъфои раҳбари Сурия Башор Асад вето гузошта буд.

Ба иттилои СММ, тайи ёздаҳ моҳ бар асари бархурди мухолифин бо нерӯҳои ҳукуматӣ дасти кам 5-у ним ҳазор нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG