Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бозор бардорад, зам кун, набардорад, кам кун"


Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфтааст, ки дар моҳи январ қимати орди воридотӣ аз Қазоқистон 2,5 дарсад, орди ватанӣ 2 дарсад, равғани растанӣ 2 дарсад, шакар 1,5 дарсад, гӯшти гов 1,3 дарсад коҳиш ёфтааст.

Қимати чой ва биринҷ боло рафта нархи шир бетағйир боқӣ мондааст.

Бо вуҷуди ин, мардум аз ин поёнравӣ хушнуд нестанд, зеро моҳонаи мардум нокофист ва ба ҷуз аз чой, нон ва шӯрбои маъмулии тоҷикӣ, ки аз пиёзу картошка, баъзан макарону лӯбиё дуруст мешавад, дигар имкони хариди ҳасиб, гӯшт, ва дигар маҳсулоти ғизоиро надоранд.

Барои мисол Холида Бобокалонова, сокини шаҳри Душанбе беш аз 500 сомонӣ моҳона мегирад ва бо ду духтари ноболиғаш зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи вай, бидуни кӯмаки хешовандон, ки дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд, зиндагиро саришта карда наметавонад.

Вай гуфт, барои хариди ғизо чӣ қадар масраф мекунад, ҳисоб накардааст: «Хароҷоти аслии ман харҷи нақлиёт ва хариди нон аст. Имкони хариди орду пухтани нонро надорам. Ғизои аслии мо ош, шӯрбо, лағмон ва ғайра аст, ки аслан шомгоҳӣ дуруст мешавад. Рӯзона ман барои ғизо дар ҷойи кор аз 10 то 15 сомонӣ масраф мекунам. Моҳе, ки меҳмон биёяд, хароҷот зиёд мешавад.»

Хонум Бобокалонова афзуд, агар кӯмаки хешовандон набошад, хароҷоти рӯзгорро пӯшонида наметавонад.

Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон меъёри сабади истеъмолиро дар моҳ 120 сомонӣ барои як нафар таъйин кардааст. Ва ҳаҷми сабади истеъмолии воқеӣ бошад дар соли гузашта 248 сомониро ташкил дод, ки моҳонаи ҳадди ақал 80 сомонӣ ва моҳонаи ҳадди миёна 457 сомонӣ, ҳудуди 93 доллар амрикоиро ташкил дода буд. Бино ба омори расмии давлат, ҳудуди 70 дарсади мардум дар ҷумҳури аз 80 то 280 сомонӣ моҳона мегиранд.

Бино ба гуфтаи Оҷонси омори назди президенти Тоҷикистон, дар ин ҷумҳурӣ ҳудуди як миллион хонавода ба сар мебарад, ки аз панҷ то ҳафт нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди бархе аз хонаводаҳо ба даҳ нафар ва аз ин ҳам бештар аст. Агар дар як хонавода ҳафт нафар бошад, бар асоси сабади воқеии истеъмолӣ, ки 248 сомониро ташкил медиҳад, ин хонавода танҳо барои ғизо бояд дар моҳ 1736 сомонӣ масраф кунад. Аммо дар Тоҷикистон хонаводае нест, ки дар истеҳсолот, кишоварзӣ ва ё соҳаи ғайри истеҳсолӣ кор кунаду 1736 сомонӣ моҳона ё даромади хонаводагӣ ба даст биёранд.

Ба далели қиматии рӯзгор дар Тоҷикистон ва ҳамасола болоравии қимати маводи ғизоӣ, Хадамоти зидди инҳисории давлати Тоҷикистон лоиҳаи низомнома дар бораи ташаккули нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалияро дар мувофиқа бо вазоратҳои марбута тарҳрезӣ карда барои тасвиб ба ҳукумат ироа кардааст. Ин низомнома танзими нархи орду гандум, равғани растанӣ, гази моеъ, бензин, шакар ва ғайраро дар бар дорад.

Ҳамдам Тағоймуродов, раиси Хадамоти зидди инҳисории Тоҷикистон ҳадаф аз таҳияи ин низомномаро ҷилвагирӣ аз ҷаҳиши нархи маводи ниёзи аввалия дар бозор ва ба таври сунъӣ боло бурдани қимати он аз сӯи тоҷирон хондааст.
Аммо бисёре аз тоҷирон ва коршиносон ин иқдоми Хадамоти зидди инҳисориро дахолат ба бозори озод хондаанд.

Нозим Эшонқулов, коршиноси Маркази пажӯҳиши бозори озод дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ин иқдом аз як тараф аз сӯи давлат накӯкорона ба чашм хӯрад, аз сӯи дигар дахолат ба бозори озод аст, ки он метавонад боиси камчинии ин ҳашт маҳсулот дар бозорҳо шавад: «Агар давлат бихоҳад нархро танзим кунаду ба болоравӣ роҳ надиҳад, бояд теъдоди андозҳоро ба маротиб кам кунаду пардохтҳои гумрукиро коҳиш диҳад. Ва ба монополияи бозори дохилӣ роҳ надиҳад то рақобати солим ба миён биёяд.»

Тоҷирон низ аз иқдоми Хадамоти зидди инҳисорӣ норозиянд. Ба гуфтаи онҳо, давлат бо ин роҳ мехоҳад ҳисобу китоби тоҷиронро зери назорат бигирад. Дар ҳоле, ки механизми иҷрои ин низомнома рӯшан нест.

Ба гуфтаи коршиносон, агар давлат аз ҳисоби захираи худ хароҷоти тоҷирро ҷуброн кунад, дар он сурат коҳиши нархи маводи ниёзи аввалия дар бозор мумкин хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG